ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ДИЁРИ САНГИН
Роҳ дар кӯҳсор сангин аст,
Санг шав, к-ин диёр сангин аст.
Хатари селу тарма меояд,
Оҳ, ҳатто баҳор сангин аст.
Санг н-андоз бар ҷабини кӯҳ,
Бар сарат сангсор сангин аст.
Сар бурун ор, эй сарат аз санг,
Нанг овар, ки кор сангин аст.
Дар кӯҳистон куҷо ту ёбӣ хок,
Дар куҳистон мазор сангин аст.
Санг ҳам об мешавад рӯзе,
Лек ин интизор сангин аст.
ИН МАҲ КУҶО РАВОН АСТ?
Бо қомати хамида ин маҳ куҷо равон аст?
Бар дӯши қомати ӯ анбони ахтарон аст.
Ин хандае, ки дидӣ дар барги гул шукуфон,
Сад шабнам ашки гиря дар барги ӯ ниҳон аст.
Ин зиндагӣ чу аспе ҷавмасту ношикебост,
Моро паронд аз зин, худ боз ҳам давон аст.
Моро кӣ мераҳонад аз коми осиёбаш?
Поям дар остона, чашмам бар осмон аст.
Пире, ки мекашонад худро ба сӯи масҷид,
Аз пой монда, аммо имони ӯ равон аст.
Он сӯ марав, ки он сӯ коми тамаъ бувад боз,
Ин озаранги зебо зар нест, озарон аст.
Ман бо Ватан шукуфтам, аммо набудам огаҳ,
Дар пушти пушта селе аз чашми мо ниҳон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё