Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҲАМВАТАН СУБҲАТ БА ХАЙР

Ҳамватан, субҳат ба хайр, обод бош!
Чун саҳар озодарӯ, озод бош!

Ҳар нафас аз осмонҳо мерасад
Хуш паёме, маъбади меъод бош!

Хандаро чун гул ба лабҳоят гузор,
Ид бар, идонаи иршод бош!

Аз лаби гул бо лабонат ханда чин,
Мисли гул як рӯз бошу шод бош!

Ханда кун, хуршеди роҳи хеш шав,
Доди доде деҳу доди дод бош!

Ишқи Ширин шир рӯёнад зи санг,
Фар бару фархундаву Фарҳод бош!

Бодҳои тунд агар бархостанд,
Шони худро шона кун, шамшод бош!

Дар намозат ояҳои ишқ хон,
Дар фарози худ фарози ёд бош!

Одамӣ эъҷози эҷоди Худост,
1 Муждаи эъзоми ин эҷод бош!

ЗИННАТИ МАРДОН

Зиндагонӣ ҳиммату эҳсон бувад,
Суннати мардонаи инсон бувад.

Нест қоим бар ҳама кас ин либос,
Зиндагонӣ зинати мардон бувад.

Эъзом – бузург доштан.
Ман ба ваҷд оям, агар бинам, ки мард,
Дар вуҷудаш гулхани виҷдон бувад.

Бе фару афтодарӯҳу бе шарар…
Ҳайфи инсон ӯ агар ин сон бувад.

Кист инсон, пойи ӯ андар замин,
Рӯҳи ӯ дар чарх болафшон бувад.

Дар намон, дар худ дари ҳиммат кушо,
Он даре, ки ҷониби кайҳон бувад.

Ишқро дар дил махон ҳаргиз ту ишқ,
Ишқ он ишқаст, к-андар ҷон бувад.

Зиндагониро макун таслими дард,
Бош бо дарде, ки худ дармон бувад.

Он ки мемирад ба роҳи ишқ, ҳамд,
Мурданаш арзандаву осон бувад.

Тоҷики гумкардатоҷи ман кунун
Тоҷи заркӯби ту дар кайҳон бувад.

Тоҷ мехоҳӣ, бирав ораш ба даст,
Тоҷ подоши забардастон бувад.

Кам мабин, к-аз обҳои кӯҳи мо Осиёби Осиё гардон бувад.
31.01.2011

ДАРСИ ҶАВОНМАРДӢ

Сукути сангу моҳи шом овое ниҳон доранд,
Ҳама аҷноси беҷон дар ҷаҳони худ ҷаҳон доранд.

Гумон кардӣ дарахтон, сабзаҳо, гулҳо ҳама лоланд,
Ки гӯётар ба ҳар барг аз забони мо забон доранд.

Забони ин табиатро касе донад, ки медонад,
Ки инҳо розҳову рамзҳо дар осмон доранд.

пешина
аз 218
навбатӣ