Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама ин ғайрату зӯру виқори одам аз ишқ аст!
Вагарна одамон дар чӯби ҷисми худ чӣ ҷон доранд?!

Ғанӣ он нест, к-ӯ ганҷи ниҳон дорад, ғанимардон
Ба ҳар афтодае аз хони худ як пора нон доранд.

Ба дунё омадӣ, омӯз дарси покҷониҳо,
Зи покӣ чашмасоронро бубин, табъи равон доранд.

Намон беҷо қадам дар тангроҳи кӯҳсорон, дӯст,
Паси ҳар сахра садҳо сангрезоне ниҳон доранд.

Алам ҳаргиз ба олам ҳамдами боэътимоде нест,
Зи тамкин кӯҳҳо, бингар, ки бар сар осмон доранд.

Ҳама дарси ҷавонмардӣ, ҳама дарси ватандорист,
Ки бо садҳо забон ин кӯҳсоронат баён доранд.
19.01.2012

САХТҶОНӢ

Сӯхтам, лек оташам роҳи маро рӯшан накард,
Душманӣ бо худ чунон кардам, ягон душман накард.

Он мани ман бо мани ман ончунон шуд мангирифт,
Ман аз он раҳматпарастонам, ки раҳми ман накард,

Дар ғиребу дар фиребу дар заҳеби зиндагӣ
Уфтодам, хестам, маънӣ маро маъман накард.

Ғӯра-ғӯра рехт аз ман меваҳои хоми ман,
Боғбони ман наомад, оҳакам бар тан накард.

Ин манам, маслуб худро карда дар чӯби бадан,
Ҷони ман бегона буд, ҷисми маро меҳан накард.

Заҳмати бисёр рафту тухма чун бегона буд,
Ҳулбае, ки сабз кардам, бӯи овешан накард.

пешина
аз 218
навбатӣ