ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар самуму замҳарири рӯзгори гарму сард
Сахтҷоние, ки ман кардам, ягон оҳан накард.
Риштаи умрам басо чархид дар чархушти вақт,
Лек чархам по ба пои чарх чархидан накард.
Декабри 2011
ОЁ РАВОСТ?
Эй Худо, як гул миёни хорҳо, оё равост?!
Як сари беҷурм зери дорҳо, оё равост?!
Ман чашидам талху шӯри зиндагиро борҳо,
Лек, дардо, борҳову борҳо оё равост?!
Эй басо инкор кори нек шуд, ин кори кист?!
Ё ба користони ҳақ ин корҳо оё равост?!
Ҷони озоди маро озурдагӣ бас озмуд,
Бар сари озодагӣ озорҳо оё равост?!
Омадам аз дури дури дур, то бинам, ки ишқ
Медурахшонад маро, дидорҳо оё равост?!
Ман муҳаббат мебарам дар дил, ту нафрат дар забон,
Сели ваҳшат бар сари гулзорҳо оё равост?!
Хонабардӯшем мо аз макри шайтони лаъин,
Боз сарборанд ин сархорҳо, оё равост?!
Эй сиришта тору пудат аз навои Борбад,
Бенавоӣ мебарӣ дар торҳо, оё равост?!
Дар сари мардони даҳр андешаи фардои худ,
Дар сари мо печиши дасторҳо, оё равост?!
Омадам, то тоҷи ишқат монам, эй тоҷик ба сар,
Тоҷ ҳасту нест сар, беорҳо, оё равост?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё