Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БО МАН БОШ

Дар дилам ганҷи ниҳон аст, биё, бо ман бош!
Зиндагонӣ гузарон аст, биё, бо ман бош!

Ин хазоин, ки туро ҷазбаи он ҷаззоб аст,
Ҳама дар дасти хазон аст, биё, бо ман бош!

Оҳ, сард аст дами яъс ба навмедӣ, ишқ
Дар дилам шӯълафишон аст, биё, бо ман бош!

Гавҳари ашки туро дар кафи дил хоҳам дошт,
Ки дар он нури ҷаҳон аст, биё, бо ман бош!

Метавон дар шафақи он шаафе гарм бишуд,
Ки ба ҳар бӯса ниҳон аст, биё, бо ман бош!

Ид шав, идии ман бош, ки идона ҳаёт
Иддаои дилу ҷон аст, биё, бо ман бош!

Акси хушбахтии худро зи нигоҳам дарёб,
Ки чу оина аён аст, биё, бо ман бош!
Январи 2012

ЧӢ КУНАМ?!

Ин сари суда ба поро чӣ кунам?!
Дили маҷзуби ҷазоро чӣ кунам?!

Захма бар захми дили ман мазанед,
Нолаи дарднаворо чӣ кунам?!

Рафт Сӯҳробу умеди мо рафт,
Дер шуд, дер даворо чӣ кунам?!

Ғамам аз шодиятон обистан,
Шодии дардфизоро чӣ кунам?!

Захми носури дилам гирён аст,
Ба тани дард ридоро чӣ кунам?!

пешина
аз 218
навбатӣ