ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Ҳар куҷо барги хазон дар кафи шахшӯли чанор,
1 Дар назар чумчаи лабрез намояд аз тарф.
Жола-жола бичакад барги гули ишқи сапед,
Дили ман пур шавад аз нусрати ӯ зарф ба зарф.
Ба зарофат чи зариф аст зимистон, эй дӯст,
2 Замҳарирест, ки аз мову ту мехоҳад зарф.
Ин сапедӣ ҳама обистани ишқ асту навид,
Ҳар куҷо буд сиёҳӣ, ҳама ғӯтида ба жарф.
15-17.01.2012
БЕТАРАФӢ
Рост умрест, ки мо бетарафем,
Ту бигӯ, аз чӣ, чаро бетарафем?!
Бетараф аз чӣ замин мерӯяд?
Аз чӣ мо мисли ҳаво бетарафем?!
Бингар, ин бетарафӣ – бешарафист,
Чанд дар пеши риё бетарафем?!
Нанг доем?! Чаро хомӯшем?!
Рӯи мо хӯрд рибо, бетарафем.
Бетараф будани мо марги касест,
Адл дар коми бало, бетарафем.
Нафси бад хӯрд сари қонунро,
Сарамон шуд сари по, бетарафем.
Оқибат бетарафонро ҳам бурд
Фанди ин сели фано, бетарафем.
3
Ватан аз дасти бадон бадхим аст,
Чӣ шигифто, чӣ бадо, бетарафем!!
19.02.2012
1
Тарф – ҷурғот.
2
Зарф – тоқат.
Бадхим – бемории мушкилшифо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё