ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Аз ҳама бад бираҳонад моро,
Ҳакаму ҳақвару ҳақбин бо мост.
Ҳамчу товони тамоми ҳастӣ
1 Дар тани мост, чу тазмин бо мост.
Зиндагиро чӣ қадар ширин кард,
Талхии ӯ, ки чу таҳсин бо мост.
БА ДУНЁ ОМАДАМ
Ба дунё омадам, дунё хароб аст,
Ҳам аз поин, ҳам аз боло хароб аст.
Бипӯшон чашмҳоро, пас назар кун,
Ки он аз дидаи бино хароб аст.
Ҳама зебоии дунё дурӯғ аст,
2 Ба рӯ зебо бувад, дар по хароб аст.
Кӣ мегӯяд ба он мину, ки дунё
Ба зери гунбади мино хароб аст
Зи фардо қосиде омад, ба мо гуфт,
Аз ин рӯзат намон, фардо хароб аст.
Ба мисли сатрҳои шеъри озод
Равонанд одамон, маъно хароб аст.
Ба сад лоба гузорам пой лобуд
Дар ин лое, ки ло дар ло хароб аст.
Ҳама рафтем бар сӯи харобот,
Чаро ки кори ин дурё хароб аст.
1
Тазмин – ба ӯҳда гирифтан, товон
Дар по – дар асл.
ЁДҲОРО ГАРМ ДОР
Сол сард омад, азизам, ёдҳоро гарм дор,
Ёди сабзи он гули зебоҳаёро гарм дор.
Ахгари вомондаи ишқи куҳанро барфурӯз,
Андар ин гулхан ҳузури муддаоро гарм дор.
Шӯълавар кун ишқро дар матбахи табъи латиф,
Дар ҳавои дилфурӯзаш дасту поро гарм дор.
Он насиме, ки ба рақс орад дарахтонро, гузашт,
Дасту по зан дар вуҷудат ин наворо гарм дор.
Шаб дароз асту зимистон сарду дарҳо бастаанд,
Гулхани гулвожаи ишқи худоро гарм дор.
Дар ҳавои партави меҳри сафоафшони худ
Во шав аз ворунаи дил, вожаҳоро гарм дор.
Роҳҳо ях баста як сар, роҳи дилҳоро кушо,
Бо нигоҳи озарин роҳи раҳоро гарм дор…
17.12.2011
ДАР ЗОДРӮЗ
Ин саҳар аз нав ба дунё омадам, дунё дигар буд,
Нам-нами борон дигар буд, накҳати гулҳо дигар буд.
Ин саҳар дарёфтам дар соҳили дарёи ҳастӣ,
Самти дигар дошт дарё, муждаи маҷро дигар буд.
Ман чӣ гуна зистам бо ин фиреби хеш то ҳол,
Накҳати наъно дигар буд, маънии маъно дигар буд.
Ман худамро ёфтам, бегона, раҳгумкарда, бе худ,
Оламе дар дарку эҳсосу ҳама ақсо дигар буд.
Як сабои дигаре буд, як ҳавои дигаре буд,
Таъми дигар дошт шодӣ, ғуссаи он ҷо дигар буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё