ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Даҳонбозему аз он бозтар шуд
Дару дарвозамон, гӯям, нагӯям?!..
Чаро ин душмани ҷонии мо шуд
Ҳалиму меҳрубон? Гӯям, нагӯям?!
Басе аз гӯшаҳо гӯшӣ шунидам,
Ба гӯши гӯшатон гӯям, нагӯям?!..
Нагуфта рози мо оё чӣ сон рафт
Даҳон андар даҳон, гӯям, нагӯям?!..
Чӣ фарёди фалакпеч аст, Меҳан,
Ба ҳар сангат ниҳон, гӯям, нагӯям?!
Ватанро дар Ватан аз мо кӣ бирбуд?!
Зи нафси бад амон! Гӯям, нагӯям?!..
Агар ман бӯса гӯям, ғусса фаҳманд,
Шавад судам зиён, гӯям, нагӯям?!..
Агар гӯям ҷаҳон метаркад аз дард,
Нагӯям беш аз он, гӯям нагӯям?!..
Замона дар даҳони бедаҳанҳост,
Ду дастам дар даҳон, гӯям, нагӯям?!..
Агар гӯям, ҳамон дам мерасонанд,
Ба сад лаҳну забон, гӯям, нагӯям?!..
Аё, эй халқи ман, душман навозад,
Ки бошӣ дар навон, гӯям, нагӯям?!..
Биёву бораи нанги Ватан шав,
Сипар ҷон аст, ҷон, гӯям, нагӯям?!..
Амонатдори амни Меҳанат бош,
Вагарна, ал амон! Гӯям, нагӯям?!
Биё чун Пешво худ сина пеш ор,
Бишав садди синон, гӯям, нагӯям?!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё