ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ДАР КӮҲСОРИ МО
Дар кӯҳи мо дигар шеру паланг нест,
Дар рӯҳи мо дигар он шӯру шанг нест.
Ҳирс аст ҳукмрон, як хирс ҳам намонд,
Дар кӯҳсори мо дигар паланг нест.
Паскӯчаҳо ҳама пур гашта аз сагон,
Гурги далеру чуст аз роҳи нанг нест.
Сагҳои почагир афзудаанд, дод,
Аз ҳав-ҳави сагон мангему ҳанг нест.
Оҳу ба оҳ рафт, харгӯш ҳам намонд,
Он кабки хушнаво дар рӯи санг нест.
Дуздони беибо дар пушти пуштаҳо
Ғайр аз шағолаку рӯбоҳи ланг нест.
Бар рӯҳи рафтагон як лона ҳам намонд,
Зеро намонд бурс, зеро заранг нест.
Афзуд ҷинси хук дар кӯҳсори мо,
Оё,ки ор нест, оё,ки нанг нест?!...
Марти 2011
ГӮЯМ, НАГӮЯМ...
Ман аз суду зиён гӯям, нагӯям?!..
Зи авзои замон гӯям, нагӯям?!..
Гарон дарди ман асту гӯши мардум
Бувад бадтар гарон, гӯям, нагӯям?!..
Ман аз дарди гарони Меҳани худ,
Ба гӯши ин карон гӯям, нагӯям?!.
Замона бекарон шуд, мо кару гунг,
Сухан аз бекарон гӯям, нагӯям?!..
Сарамро рӯи дастонам гирифтам,
Ба пеши бесарон, гӯям, нагӯям?!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё