Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо ҳар қадам кунад пахш ӯ маргро таҳи по,
Аз зери по бихезад рӯзе балои пирӣ.

Не ғуссаву надомат, не шикваи қиёмат,
Бояд ки фазл резад аз ҳар ҳиҷои пирӣ.

Сад ҷурм дар ҷавонӣ ислоҳ мешавад, лек
Войи хатои пирӣ, войи ҷазои пирӣ.

Оинаест пирӣ то ҳикмати замонро
Хониву панд гирӣ андар намои пирӣ.

Хушбахт бошад он пир, дар роҳ дар намонад,
К-аз хайру некномӣ дорад асои пирӣ.

САМАРҚАНД

Эй шаҳри ҳама қанд, ҳама қанд, ҳама қанд,
Эй шаҳри шакаррезу шакарханд, Самарқанд!

Эй шаҳри ҳама панд, ҳама панд, ҳама панд,
Эй шаҳри самарбору самарманд, Самарқанд!

Эй шаҳри гаҳе хайру гаҳе фазлу гаҳе фанд,
Эй шаҳри раҳо гашта зи ҳар банд, Самарқанд!...

Бурданд ҳама ганҷу зару сими туро лек,
Мондӣ ба ҳама давр зафарманд, Самарқанд!

Зеро, ки забоне, ки туро зинда нигаҳ дошт,
Дар ҷону танат буд чу савганд, Самарқанд!

Озодагият бо фари озодаминишон
Умерест туро дошта пайванд, Самарқанд.

Таслим нагаштӣ, сипарат буд ҳамеша
Аз ҳодиса «Занд»-и туву «Позанд», Самарқанд!

Бо суннату ойини ниёкони шарифат
Мондӣ ба ҷаҳон боз ҳунарманд, Самарқанд!

пешина
аз 218
навбатӣ