ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Подоши ту аз сидқи ту бар аслу асолат
Будасту ҳамебод Худованд, Самарқанд!
Эй кохи шараф, кохи ҳунар, кохи шуҷоат,
Эй шаҳри абаршаъну абарканд, Самарқанд!
ХУҶАНД
Шаҳри адабу фазли баланд аст Хуҷанд,
Тирози ҷаҳону дилписанд аст Хуҷанд.
Мардум ин ҷо забони ширин доранд,
Шаҳри шакару наботу қанд аст Хуҷанд.
Имрӯз ба ҳафт хон муҳаббат дорад,
Аз пардаи меҳр дар паранд аст Хуҷанд.
Сарчашмаи нуру файзу эҳсони дил,
Дар равнақи дил, дар ин раванд аст Хуҷанд.
Таърих ҳамеша сарбаландаш дидаст,
Бо сирати нек сарбаланд аст Хуҷанд.
Шаҳрест, ки дарёдилу дарё дорад,
Дарёи муҳаббати нажанд аст Хуҷанд.
Ҷуз банду каманди зулфи печони ёр,
Озод зи банду аз каманд аст Хуҷанд.
Дил об шавад дар лаби дарёи ӯ,
Ҳамсӯзи ҳазор мустаманд аст Хуҷанд.
Аз аҳди Камол то ба Фарзонаи мо
Ойинаи ишқу фазлу панд аст Хуҷанд.
Чун арҷгузори ҳама озодон аст,
Бо арҷу фари худ арҷманд аст Хуҷанд.
Як шохаи гул ба соҳили Сайҳун, шаб
Аз нуру сурур дилписанд аст Хуҷанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё