ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ҲИСОРИ ШОДМОН
Ҳисори мо Ҳисори Шодмон аст,
Ҳисори чашмаву табъи равон аст.
Ҳисори Қалъаи шаъну шукӯҳ аст,
Ҳисори кохи нанги рафтагон аст.
Ҳисори родмардиву футувват,
Ҳисори бӯи нону бӯи ҷон аст,
Ҳисори ҳикмату оини некон,
Ҳисори ростини ростон аст.
Ҳисори санъату одоби дерин,
Ҳазорон суннати озодагон аст.
Ҳисори атласу адрас, Ҳисори
Кулолу кандакор, оҳангарон аст.
Ҳисори қанду ҳалвову набот аст,
Ҳисори хушзабону хушбаён аст.
Ҳисори себу тут, гелосу ангур,
Ҳисори роҳати ҷону тавон аст.
Ҳисори оби шодоби шифобахш,
Ҳисори бо намак, бо обу нон аст.
Ҳисори мо, Ҳисори шодмон аст,
Биҳишти хуррами рӯи ҷаҳон аст.
ИСФАРА
Дар боғҳои хурраму ҷаннатнишони Исфара
Шаҳду шакар мепарварад пиру ҷавони Исфара.
Ширинтар аз шаҳду шакар бахшад ба кас ҷони дигар
Шаҳди навои дилкаши хунёгарони Исфара.
Дармони ҷони одаманд, ё балки ҷони одаманд
Озодагони Исфара, фарзодагони Исфара.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё