Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

САЛОМИ ҶӮЙБОРОН
Рубоиёт

Эй сабза, саломи ҷӯйборон сабза,
Эй сабза, паёми ҷӯю борон сабза,
Чун буғзи ниҳони рӯзҳои рафта,
Берун зада аз гулӯйи борон сабза.

Ман ойинаам, замон бубинад худро,
Ман ойинаам, ҷаҳон бубинад худро,
Покиза чунон бубоядам, то ки Худо
Дар покии ман аён бубинад худро.

Дар ойинаи дилат ниҳонро бинамо!
Дар олами бенишон нишонро бинамо!
Дар ойинаат ҷаҳон худашро орост,
Ойина бигарду ломаконро бинамо!

1
Қақнусам, аз оташам ҳувайдо шудаам,
Пар-пар задаву сӯхта пайдо шудаам.
Аз сесаду шаст нағмаи минқорам,
Болидаву болидаву боло шудаам.

1 Парандаи хушхон ва хушрангест, ки дар минқораш сесаду шаст сӯрох дошта, дар кӯҳи баланд, дар муқобили бод менишинад ва бо садоҳои аҷибе, ки аз минқораш мебарорад, мурғони дигарро ба худ ҷалб намуда, шикор мекунад. Дар ривоятҳо гӯянд, ки ҳазор сол умр мебинад ва чун умраш ба охир расид, ҳезуми бисёр ҷамъ орад ва бар болои он нишинад ва чунон бисарояд, ки маст гардад ва бол бар ҳам чунон занад, ки оташ аз боли ӯ биҷаҳад, дар ҳезум биафтад ва худро ба ҳезум бизанад ва дар оташ бисӯзад. Аз хокистараш байзае падид ояд ва ӯро ҷуфт набошад. Ва гӯянд мусиқиро башар аз ӯ дарёфта.

пешина
аз 218
навбатӣ