Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қақнус, ки умраш бирасад то ба ҳазор,
Ҳезум чинад ба рӯйи ҳам бо минқор,
Он гуна занад бол, ки оташ гирад,
Сӯзад худро, байзаи нав орад бор.

Шеъре, ки сурудаам, дуое гуфтам,
Ойиву маро зи ғам рабоӣ гуфтам.
Ман васф намуда дилрабоии туро,
Бо шеваи нав ба дил рубоӣ гуфтам.

Ҳар гаҳ, ки рубоӣ дилрабоӣ дорад,
Андеша дар он рақси самоӣ дорад,
Чун зуф, ки барги кафи эҳсони Худост,
Бар захми ниҳони мо давое дорад.

Ишқ аст ба номи мо саломи Эзид,
Ишқ аст ба ҳар диле паёми Эзид,
Савғоти ману ту бар Худо ҷуз ин нест,
Ишқ аст фурӯғи мо ба номи Эзид.

Ин ор чӣ орест, ки аз ор орист,
Ин кор чӣ корест, ки худ инкорест.
Дороии мо бар сари мо чун дорест,
Дороии бегазанди мо нодорист.

Он рӯз, ки хонахез рафтем ҳама,
Аз роҳи каҷи гурез рафтем ҳама,
Додем тамоми сарвати худро, лек
Аз пушти яке пашиз рафтем ҳама.

Рӯди гузарон ёри гурезони ман аст,
Ин шабнами барг ашки резони ман аст,
Ҳар шоха парафшонии падрудии ман,
Ҳар барг видоъи умри безони ман аст.

пешина
аз 218
навбатӣ