Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
додо. Баъд аз ин нони худатонро хӯреду гапи худатонро гӯед, вассалом.
Суханони Занҷир тасаввури то имрӯз дар ҳақи раис парваридаи Имомалиро сахт рахна карданд. «Дарвоқеъ, ба ман-ку аз ин раис на фоидаю на зиён... Беҳуда ғам хӯрда нишастаам...»
Вай лаҳзае хомӯш биандешиду сонӣ сар бардошта, ба рӯи духтар нигариста лабханде карду гуфт:
— Бепарво бош, духтарам... Гапат дуруст... Рост-дия, ман аз вай қарздор нестам-ку! Агар ояд, ана тӯй, наояд, садақаи сарам-е!
— Ана, ин гапи дигар аст, додоҷон! Бас аст, то кай мо феълу хӯи ғуломиро намепартоем? — Ӯ ин бор сухани ба вай гуфтаи Иринаро такрор кард. — Ғидӣ-бидӣ кунад, раведу ба кори заводи шир дароед. Гирад ҳамон як порча замини рӯидаричаро!
Имомалӣ баъди лаҳзае далер қадам ниҳода, мисли пештара хушнуд дар ҳавлӣ мегашту ба хешон чигуна раисро ба бибӣ рӯ ба рӯ карданашро гуфта механдид.
- Агар Кабир директор шавад...
Сокинони хобгоҳ ба шӯхӣ Занҷирро «посбони
хобгоҳ» мегуфтанд. Ҳамсояҳо гоҳу бегоҳ калиди
хонаашонро бемалол ба ӯ монда мерафтанд. Вай тарафи
бегоҳу шаб аз хобгоҳ ҳаргиз берун намерафт. Фақат дар
рӯзҳои истироҳат ҳамроҳи ҳамхонаҳо ба кино ё сайри
магазину бозор мерафту бас. Иринаю Салима баъди кор
на як бору ду бор ӯро ба сайр, ба кинову театр кашола карданд, аммо муродашон ҳосил нашуд ва оқибат ба феъли дугонаи ҷавони худ тан дода буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё