Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ин бегоҳирӯзӣ ҳам Иринаю Салима ба сайри боғ рафта буданд. Занҷир соате ҷомашӯӣ карду ҳоло курсиро дами тиреза ниҳода, берунро тамошо дошт, равандагону ояндагонро менигаристу аз симои ҳар яке одами нек ё бадкирдор, хушбахт ва ё бадбахт будани ононро ба тарзе ки фаросати ҷавониаш ҳукм мекард, тахмин мезад. «Ана, ин арӯсаки хушрӯ, ки аз дасти кӯдаки навпояш гирифта, ба майли хотир меояд, бешубҳа хушбахт будагист. Дар танаш куртаи атласи намози шом, мӯяш ҳам зебо, рӯяш ҳам, дар гӯшаш ҳалқаи барги тут, дар ангуштонаш чор ангуштарини тилло. Аз як назар, афташ мегӯяд, ки вай ба дил армоне надорад. Боз ҳам кӣ медонад».
Монанди ҳамаи духтарони ҳамсолаш Занҷир ҳам хушбахт будан мехост ва аломатҳои зоҳирии ин хушбахтиро дар ҳар як зану духтар меҷуст. Ӯ ҳанӯз огоҳӣ надошт, ки дар дуньё заноне ҳастанд, ки дар равшании рӯз, дар назари одамон басо бекаму кост, хушбахту хушҳол ҷилва мекунанд, вале ҳамин ки ба кулбаи хилвати худ қадам мениҳанд, чӣ миқдор шиканҷаи руҳӣ онҳоро фаро мегирад, аламҳо мекашанд, вале аз он уқубат ба касе ёрои даҳон кушодан надоранд.
Дарвоқеъ, баъзан дупула чизи бесуботу беҳуда — андоми зебо, чашмони гиро, суханони тафдор, мансаб, сарват чашми касро мебараду ақлу ҳушро мегирад ва ҳақиқати ҳолро аз чашми инсон чӣ осон мепӯшад. Ҳар як фард хушбахт будан мехоҳад ва метавонад хушбахт бошад, зеро роҳу тариқи хушбахтию дастури онро қариб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё