Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳама медонанд, аммо аз чи сабаб аст, ки ҳама хушбахт нестанд. Аслан, дар ин ҷода ҳам ҷӯянда ёбанда аст, ҳар он касе, ки феълан хушбахт будан мехоҳад, бешак хушбахт хоҳад буд...
Касе дарро оҳиста ангушт зад. Занҷир ҳанӯз овозе набароварда буд, ки дар нимроғ шуд ва Кабир намоён гашт. Занҷир, ӯро нигарон набуд. Вақтҳои охир вай бо ҳар баҳона ҳамин ки Салимаю Ирина ба ягон ҷо рафтанд, ба хобгоҳ назди ӯ меомад ва ҳар бор аз ваҷҳи деҳаравиаш сухан кушода, ба дили Занҷир ғаш меандохт.
— Кабир ако, сардорони хобгоҳ ба ман пичингу киноя доранд. Худатон медонед, хуб не, — гуфт Занҷир гилаомез баъди он ки Кабир саросема ба хона ворид гашта, дар курсӣ нишаст.
— Ман бегона не, коргари ҳамин корхонаам-ку. Ду даҳан гап дорам торик нашуда, аз хобгоҳатон меравам.
Ба пичингу киноя эътибор накунед. Худи ҳамин киноя мекардагиҳо бо чӣ корҳои ношоиста машғуланд, шумо намедонед, — мисли ҳамеша нописандӣ ва айбмонӣ сар кард Кабир.
«Боз сар шуд», — аз дил гузаронд Занҷир, ки ин хислати ҷавон ҳеҷ ба вай хуш намеомад ва борҳо эътироз баён карда буд.
Кабир ҳар боре, ки ба хобгоҳ меомаду бо Занҷир танҳо ба танҳо менишаст, дар тавсифи худ мекӯшиду боқӣ ҳамаро ҳеҷу пуч мегуфт ва ин ҳол аллакай духтарро дилгир карда буд. Дилаш мехост, Кабир ҳам монанди дигарон инсондӯст бошад, бештар ҷиҳати хубу неки одамонро бубинаду бигӯяд.

пешина
аз 538
навбатӣ