Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
дуруст барин менамояд. Хайр, ман бисьёр гапу кори корхонаро намедонам... Сухани дуруст ҳам, агар ба он амал накунед, вақ-вақи беҳуда барин будаст. Агар Кабир фақат дар назди ман донотарошӣ намекарду дар фабрика паи дурусткорию ростию адолат талош менамуд, аҳсан мегуфтам...»
- Кабир дар деҳа
Кабир ба суханони Занҷир бо диққат гӯш медод, аммо одати ӯ чунин буд, ки ба қавли дигарон ҳамеша дар як гӯшаи дилаш андаке шубҳа ҳам дошт ва дар зиндагӣ бештар аз рӯи дидаю санҷидаи худ амал мекард.
Бинобар он, вай ҳақиқати суханони Занҷирро санҷидан мехост. Агар ҳодиса гуфтаи Занҷир барин бошад, ба вай хонадор мешавад. «Лекин пеш аз хонадоршавӣ коре, карда, Бадалбекро таъзир медиҳад. Вале чи гуна таъзир доданашро ҳанӯз возеҳ намедонист. Ҳеҷ фикр намекард, ки агар Бадалбекро таъзир додан натавонад, дар назди Занҷир барои сухани бебурдаш мулзам хоҳад шуд. Не, Кабир аз ин хусус ҳоло намеандешид ва одати дар назди хурдон барои сухани худ масъул ва мулзам шудан надошт.
Вай дар сар чунин нияту нақшаҳо ҳамроҳи устои телевизор савори мошини фарсудаи таъмиргоҳи район ба деҳа омад. Яке аз шиносони айёми донишҷӯиаш, ки ҳоло дар район сардори корхонаи таъмир буд, ӯро ба усто ҳамроҳ кард. Усто дар даст як бандча талабномаи сокинони деҳаро дошт. Онҳо аз роҳҳои каҷу килеби деҳа мегузаштанду Кабир пеши назар меовард, ки Занҷир аз ин роҳҳо гузашта аст, ба иморати мактаб менигаристу дар тасаввур меовард, чи гуна маҳбубаш дар ин ҷо даврони бачагию наврасиашро ба сар бурдааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё