Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Дар шаҳр ҳам пештар маҳалла-маҳалла зиндагӣ мекардаанд, ҳамин расму таомул ҳамин усул будаст. Ҳоло касе ба касе кордор не, баъзан намедонед, ки ҳамсояатон чӣ одам аст. Хайр, ин ҳамааш садқаи сар, акнун илоҷе карда Бадалбекро медидам.
Ҳоло вай мехост аввал бо худи Бадалбек гуфтугӯ кунад ва сипас ба назди раҳбарони район даромада, аз атвори ношоистаи ӯ онҳоро огоҳӣ диҳад ва талаби ҷазо кунад.
Кабир ҳамон рӯз тарафдорони Бадалбекро ҳам дучор кард.
— Валвалаи бекора. Ба ин мардумон гап бошад, Беғийбат аз гулӯяшон об намегузарад, — ғут-ғут кард як марди сиёҳриши рангаш заҳир, — Духтар худаша ба вай молад, мард ҳам даст-пасташа медорад-дия! Бадалбека ҳоли боз мебардоранд. Дуои кӯрмуш катӣ борон намеояд. Марди мардон ҳамин аст. Баъзеҳо барин худхӯрам не. Ба аксари ҳамин одамон некӣ кардагӣ.
Марди ҳоҷатбарор аст, як чиз гуфта равед, ноумед намекунад. Ин хел одама аз душманаш дӯсташ бисьёр аст. Бовар кунед, агар аз вай ёрӣ пурсед, ягон чиз талаб кунед, хурсанд мешавад, ҳама кору борашро монда, аз паи кори шумо медавад. Худо надониста заволаи бандаашро калону хурд намегирад. Ризқи ҳар кас мувофиқи феълу хӯяш...
«Виҷдонат сӯзад ту сили заққума!» — гуфт ба дил Кабир аз назди вай бархоста. Суханони Занҷирро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Ҳамон шомгоҳ аз пасам расида омада дар кӯча гуфт: «Бекора валвала бардошта, худро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё