Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Суробатон ба намояндаҳо монанд... Гапатон ҳам аз як ҷо мебарояд. Ба колхози мо як намоянда омада буд... Суробатон мемонад. Хешатон не? — пурсид вай ҳанӯз ҳам ба рӯи Кабир зеҳн монда нигариста. — Ман фаъолу активҳора аз як даҳан гапашон мешиносам.
— Ба вай монандам?
— Суробатон меояд, — гуфт боз мард ҳанӯз ҳам чашмаш ба мушоҳидаи Кабир. — Пор, дар мавсими пахтачинӣ духтурҳо аз марказ омаданд, гапи онҳо дигар хел, гапи намояндаи район — ба усули дигар. Дили одам
— дар забонаш мегӯянд. Боз ҳам кӣ медонад.
Ӯро ба фаъолон монанд кардани ин марди деҳотӣ ба Кабир хуш омад ва аз ин монандӣ ботинан хурсанд шуд.
Усто тамоми рӯз аз як ҳавлӣ ба ҳавлии дигар гузашта,
радиову телевизор таъмир мекарду Кабир ба вай ҳамроҳ
буд. Фикр мекард, ки агар бо Занҷир тӯй кунаду вай
домод шуда ба ин деҳа ояд, ин одамон ӯро шинохта, чӣ
мегуфта бошанд. Албатта, ӯро мешиносанд. Баъзеашон
бист сол аз ин пеш як бор дидагӣ одамашонро
мешиносанд. Умуман, деҳа кони гап будаст. Бадалбек ба
чӣ тарз дар ин ҷо ошашро ҳалол карда хӯрда гаштаст,
ман ҳайронам. Ҳама якдигарро медонанд, шаб чӣ хӯрду
рӯз чӣ сохт, хабардоранд, кӣ оши киро шӯр карда буду
падар ё бобои кадоме кори савоб ва аҷдоди кӣ
табаҳкорӣ дошт — ҳамааш равшан, ҳамааш — мӯ ба мӯ
дар ёдашон. Кас ҳайрон мешавад. Аз як ҷиҳат ҳамин
одат дуруст аст. Инсон дар назди мардум
масъулиятманд аст, аз хурдӣ барои ҳар як кораш ҷавобгариро эҳсос мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё