Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар баъзе ҷойҳо ду ҳазор катӣ мегӯянд...»
Ба гуфтан осон, кошкӣ Кабир шукр карда метавонист. Шукргузорию қаноатпешагӣ амри ночорӣ не, он аз хирад ва нерӯю тавоноӣ бармеояд. Аммо Кабир ҳанӯз ин ҳақиқатро намедонист ва чуқур идрок ҳам намекард. Вай пай мебурд, ки дар зиндагӣ ба маслиҳатгаре сахт эҳтиёҷманд аст, ӯро дасти роҳнамое лозим аст, аммо ку он?! Ба Кабир аз ин боб на муаллимону ҳамнишинонаш, на падару модар ва пайвандон ибрате ё таъсире нарасонда буданд ва расонда ҳам наметавонистанд. Аз ин сабаб ҳоло ӯ дар ин дарьёи пурталотум таваккалан дасту по мезад.
Баъди сафари деҳа Кабир рӯзе, ки бори аввал ба назди Занҷир рафт, чашмдор буд, ки духтар ӯро хушнуду хушбахт истиқбол мекунад, аз меҳрубониву навозиши худ сарфароз месозад. Вале Занҷир ба чашми вай лоқайд менигарист, гӯё қабл аз ин миёни онҳо аз меҳру муҳаббат ҳеҷ гуфтугузоре рух назада бошад. Занҷир ҳикояти ӯро аз хусуси деҳа ва ҳамдеҳагонаш дар хона ба пештахтаи тиреза такья карда, бо нимтабассуми ғамангез, нигоҳаш дилгиру андӯҳгустар, вале чунон ки беҳудагӯии ширини кӯдаки хурдсолро мешунида бошад, зоҳиран бепарво гӯш мекард. Кабир ин гуна гуногунвазъӣ, махсусан, ин ҳолати ба карахтӣ монанди духтарро намефаҳмид ва инро тавзеҳ дода натавониста ранҷ мекашид. Чӣ кунад, ки вай эҳсосу идроки латифи дили занҳоро намедид, бориктарин таҳрик ва хафифтарин садои дили онҳоро намешунид. Ба деҳа рафта, аз хусуси вай гап гирифтани Кабир Занҷирро

пешина
аз 538
навбатӣ