Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
нохуш ва ноҳузур мекард, дили вай ҳоло ба фиғон омада, хомӯш менолид, ҳастиашро зеру забар менамуд, вале ҳайрон буд, ки ҷавон чаро фарьёди дили ӯро намешунавад. Бешак, дар инчунин ҳолат як ҳисси ба аксари занону духтарон махсус дар сиришти Занҷир ҳам боло гирифта буд: вай он нохушии ба сараш омадаро ҳоло ба ҳадди як бадбахтию ноҳақии беамсоле ва озору шиканҷаи сахт тавзеҳ дода, ботинан аз он лаззат мегирифт, баъзан ин ҳисси қулфатзадагӣ гӯё ба вай осоиш ва оромиш мебахшид.
— Ман шуморо гуфта ба деҳа рафтам... Дар миён агар шумо набошед, аз сарам зар пошанд ҳам, ба он ҷойҳо қадам зер намекардам, — Кабир дар фуроварди сухан озурдагиашро ба ин тариқ изҳор карду бо ҳамин худ бехабар дари сулҳу оштиро ба рӯяш сахттар бубаст.
— Маро гуфта? — тааҷҷуби Занҷир бепарво ҷилва кунад ҳам, заҳри нигоҳаш, паридани лабонаш, изтироби овозаш гувоҳи ҳол буданд, ки вай ба сахтӣ тамкин нигоҳ медораду худдорӣ мекунад. — Бечора... Очаро дил месӯзад, дояро доман мегуфтанд, дуруст будаст.
Кабир ба дурустӣ ба маънии ин ҳикмат сарфаҳм нарафт, фақат тахмин гирифт, ки духтар бо ин мақол ба вай кинояи талх дорад, аз ин рӯ ҳайратзада ба рӯи вай нигарист ва ба хашми ӯ асосе наёфта гуфт:
— Албатта, агар зарур ояд, барои шумо ба деҳа не, ба Макка ҳам рафта меоям, лекин умедам аз шумо ин набуд.
— Хуб, дар ивази ин ранҷу азобатон аз ман чӣ талаб доред, гӯед, — гӯё чашмашро раҳ бурда бошад, аз боми шиферпӯши рӯ ба рӯ чашм наканда, лоқайд савол кард Занҷир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё