Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Вай ба ҳамин минвол ин сӯҳбати барояш нофорро мухтасар кардан хост. Баъд ҷавоби Кабирро нашунида, пайрави саволи худ гуфт: — Ман хеле фикр кардам... Ҳоли-ҳозир шавҳар намекунам, Кабир ако.
Чуну чаро гӯён худатонро дарди сар надиҳед.
Вай якбора ба сухан шурӯъ карду беором хеле гап зад ва ҳама ба ҳамин оҳанг. Аслан, ин гуфтаҳои ӯ нидои ранҷу ситеза ҳам набуд, балки дар қаъри дили худ ба ин ҷавони шаҳрӣ меҳри гарму сӯзон наёфта, ба худ гӯё хашм мегирифт ва ночор каҷ дору нарез мекарду бар асари ҷавонӣ аз оқибати ин кори худ намеандешид.
Дар чашмони Кабир ин лаҳза ҳайрати бемисле, ки дар сояи он қаҳру ғазаби пинҳонӣ таровиш дошт, ҷилвагар буд. Ин лаҳза аз дили вай мегузашт: «наход ки ба ҳамин ҳоли зор ту ҳам маро пешпо занӣ?! Ё нозу нузи духтари қишлоқӣ ҳамин хел аст, кӣ медонад? Агар ноз дорад, ин бефаҳм аз ӯҳдаи ноз ҳам намебарояд...»
— Маро мазоҳ мекунед? Ғалатӣ... Аслан, феъли шуморо ҳеҷ нафаҳмидам, ҳавои баҳор барин ҳар замон авзоятон дигар мешавад, — гуфт Кабир озурдахотир.
Сонӣ оҳиста ба мушташ сурфа карду ба чашми духтар нигариста пурсид: — Хуб, чӣ қадар вақт нигарон шавам?
— Чӣ қадар? — матлаб равшан бошад ҳам, ин бор ғайриихтиёр савол кард Занҷир. — Ман ба ҳар як саволатон сари вақт ҷавоб медиҳам, аммо шумо зуд фаромӯш мекунед. Охир, шумо ба ман имкон бидиҳед, ҳиссиёти худамро бисанҷам. Ба ростӣ, ҳайронам.
— Шумо розӣ будед-ку, чӣ гап шуд?
Занҷир аз алам зери лаб хандид. Агар сухани муҳимро сабукборона, балки бепарво ба духтарон гӯянд, одатан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё