Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ин чӣ гуфтагетон?! Маро кӣ гумон мекунед?! — қаҳри Кабир боло гирифту лаҳзае димоғ тоб дода, хомӯш монд.
Вай аз он дилтанг буд, ки ҷараёни фикри Занҷирро ҳаргиз идрок кардан наметавонист. Ҳамвора аз худ савол мекард, ки баъди ба деҳа рафта омаданаш чаро авзои духтар тағйир ёфт, чӣ шуд, ки самимияти пешини вай гум шуд, ҳеҷ намефаҳмид. Гумон дошт, ки касе ба духтар дом андохтааст ва дили ӯро ба худ гарм кардааст.
Баъзан тахмин мегирифт, ки аслан ин духтари деҳотӣ чунин гуногунавзоъ ва бетаъин аст. Андешаи Кабир бар маърифати ақлу фикр асос дошт, матои ҳукми ӯро далелу мадорики аз рӯзгор гирифтааш тору пуд мебаст ва ӯ чунон ки шоирон мегӯянд, аз олами дилу эҳсос дур буд. Бинобар он, вай ба дурустии азми худ ҳаргиз шубҳа надошт, ҳаргиз гумоне намебурд, ки ин таҳковию пурсуҷӯҳояш ба дили духтар балки сахт асар доранд, аҷаб не, ба шахси ӯ таҳқиромезанд. Саҳви Кабир ин буд, ки сари ҳар амал ва ё гуфтораш суду зиёни худро меандешиду бас. Аз ин буд, ки монанди кулли мардуми худпараст ҳар як қадаме, ки пеш мениҳод худ ба худ пас мерафт. «Аз ман гузашта ба кӣ мерасад?! — мегуфт Кабир дилпур аз худ.— Духтари дар деҳа бадном, аз хонаи падар гурехтагиро ягон хонаводаи дуруст арӯс намекунад. Агар ба ҳуснаш мафтун шавад, ягон сағираи бекасу кӯй ё олуфтаи ҳарзагарди кӯча зан мекунад. Як сол зан накарда, кафшашро пеш мегузорад. Афсӯс духтар аз беақлӣ ҳаёташро мешиканад. Не домани маро сар намедиҳад. Аз ман гузашта, ба кӣ мерасад, ӯ фикр мекунад. Ба гумонам духтарак камтар нозу нуз карда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё