Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
нархашро боло бардоштанӣ аст. Бояд тан гирам, ки Занҷир аз духтарони сабукфикр не, ботамкину боақл аст, ба ҳар хел ҳавову ҳавас фирефта намешавад. Аз ин ҷиҳат ба вай пурра эътимод кардан мумкин, аз ин бобат духтари нодир аст, камьёб аст. Сабаби серхаридориаш ҳам ҳамин аст...»
Занҷир фикр мекард: «Кабир илми олӣ дошта бошад ҳам, дил надорад, фаросаташ кунд аст, ҳатто камтар худписанд аст. Аз ин ҷиҳат Сомон як коргари оддию назарногир бошад ҳам, аз вай бартарӣ дорад.
Муддатҳост, ки ба рӯям муштоқ менигарад, раҳамро мепояд, аммо ба сухан кардан ҷуръат намекунад.
Шармин аст. Ана, вай мухбири аз рӯзномаи ҷавонон омадагӣ ҳам дилкашол аст, рақами телефонашро навишта доду ягон бор телефон кунед, ман шуморо диданӣ...» гӯён илтиҷо карда рафт. Ман ба вай телефон мекардаам! Қоидаи мардуми мо ин тавр не! Умуман, ҷавонони шаҳр дили одами деҳаро намефаҳмидаанд.
Хайрият, ки он журналист аз Кабир шармгинтар будаст, бечора як-ду бор роҳамро поид, аммо маро ҳамроҳи духтарон дида, ба сухан гуфтан ҷуръат накард. Аз густохона сухан кардан ҳамин беҷуръатиаш сад раҳ авлотар аст. Чаро Кабир монанди вай хоксор ва якдилу якрӯй не? Ба назарам ҷавони хомхаёл метобад. Э, худо, чӣ хислаташ ба ман намефорад, худам намедонам, аммо ғашамро меоварад. Ташвиши Кабир ба сарам кам набуд, ки боз Бадалбек аз ман умедашро намеканад.
Намедонам, бо ин ҳарина чӣ кор кунам? Аз вай ҳар хел нобакориро чашм доштан мумкин аст. Метавонад тӯи маро вайрон кунад... Чораи дуруст — алҳол сабр. Агар ҳалол кор кунам, дилу дидаамро покиза дораму ба раҳам рост гардам, шавҳар намегурезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё