Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
якдигарро надониста, нафаҳмида тӯй кунему сони кору суханамон ба ҳам бахья нахӯрад...
— Ман фардо тӯй нагуфтаам-ку! — гӯё ҷон гирифт Кабир. — Ба падару модаратон гӯед, онҳо омада, хонаводаи мо катӣ шинос шаванд, гапзанон кунанд...
Занҷир якбора баланд хандиду Кабир аз гуфтан таваққуф кард ва бо тааҷҷуб ба духтар нигарист.
— Падару модари ман дар сад сол ҳам ба дари шумо намеоянд, — гуфт вай хандон-хандон. — Остонаи духтардор баланд аст, рафиқ сарфакор! Хостгорӣ ин тавр намешавад. — Занҷир аз бевуқуфии ҷавон мамнун, ширин табассум дошт. Аз чӣ бошад, ки дар нисбати хӯрдагирию донотарошиҳои Кабир ҳамин бехабарии ӯ ба вай хуш меомад. Ӯ чунон хаёлангез маҳин табассум дошт, ки миёни лабони сурхи ба ханда моилаш дандонҳояш гулобиранг менамуданд. — Сараввал мебояд, ки ман розӣ шавам, аз одами хуш кардаам дилпур бошам, дӯст дорам. Сонӣ падару модари шумо хостгорӣ мераванду тарафи мо хоҳиши онҳоро шунида, «чарх зада бед, маслиҳат кунем» гӯён, мӯҳлат медиҳанд.
То навбати дигар омадани онҳо падару модари ман пурсуков карда, кию чӣ будани хонаводаи шумо, худатон, гузаштагонатонро мефаҳманд, аз ҳамкорон ва ҳақу ҳамсоягонатон гап мегиранд. Сонӣ маслиҳату машварат мекунанд, ҳамаро ба тарозу монда месанҷанду баъд ба як қарор меоянд. Ҳатто бори дуюм оянд ҳам, ба хостгорони шумо дарҳол рӯмолча намедиҳанд.
— Эҳ-ҳе-е!.. — Қаҳролуда даст афшонд Кабир. — Расму қоидаи деҳаро як сӯ монед, мо одамони ҳозиразамонем. Одатҳои кӯҳнаи боёну феодалон... — Кабир давоми суханашро гуфта натавонист, зеро Занҷир бо нимтабассуми маънидор ба вай нигариста сар меҷунбонду бо забони нигоҳаш мегуфт: «Ту ҳам ҳамин суханони беҳударо такрор мекунӣ?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё