Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳам манъ накардаст, фақат гуфтаст, ки то соати дувоздаҳ иҷозат медиҳам, бишинед, хурсандӣ кунед... Албатта, замонасозӣ мекунад, каҷ дору нарез мекунад, бе ин намешавад. Дар ферма мегуфтанд, ки раис мехостаст як кас аз говдӯшон узви правления шавад, аммо Бадалбек розӣ нашудаст: «ҳар бор ба маҷлиси правления меояду говҳо нодӯшида мемонад, ман худам узви правления ҳастам, бас-да», гуфтаст... Ана, ҳам молпарварон мамнуну ҳам Бадалбек! Ҳозир агар номзади ӯро ҳаққу ҳалол ба овоз монанд, мегузашта бошад?
Кору бори деҳа ва ҳамдеҳагон аз назари Занҷир дур намерафт, дар хобу бедорӣ фикран вай ҳанӯз ҳам бо деҳа пайванд буд. Деҳа ба монанди ёди чашмаи обе, ки ба чашми мусофири ташнаи роҳи биёбон аз дуродур метобад, лаҳзае аз лавҳи хотираш дур намегашт.
«Ҷойгардон кардани одам ин қадар кори мушкил будаст, намедонистам, — мегуфт ӯ ба худ. — Касе, ки деҳаро тарк карду ба шаҳр омад, аз афти кор ҳамаро тарк мекардасту худашро мегуфтаст...»
- Бадалбек дар шаҳр
Бадалбек дар таҳи дарвозаи корхонаи атласбофӣ беқарор пасу пеш қадам мезаду ҳар лаҳза ба соати дасташ менигарист. Риши тоза тарошидааш, мӯйлаби кӯтоҳу гамбусквор ба болои лаб часпида ва паси гардани покизааш гувоҳӣ ҳол буданд, ки вай ҳозир аз сартарошхона баромадааст. Дар танаш костюми қаҳваранги гаронбаҳо, дар сар кулоҳи қоқумӣ ӯ ба худ симои савдогарони зиёитақлиди шаҳрро касб карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё