Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Кабир ашки миннатдорӣ ҳалқа зад. — Хезед, ба хонаи мо меравем, ако, хезед!— калавида аз ҷо бархост Кабир.
Бадалбек ҳам мастона аз ҷо бархосту бо навозиш ба китфи ӯ даст ниҳод ва ба нишастан талқин кард. Баъд ба соати дасташ нигаристани Кабирро диду соатро аз дасти вай гирифт ва соати худро дароз кард.
— Сонӣ, Кабириҷон, сонӣ... Ҳолӣ меҳмон мешавам, туро меҳмондорӣ мекунам... Ҳозир ишрат кун. Ана, ин гулбаданҳоро тамошо кун! — Бадалбек ба сӯи онҳое, ки ҷуфт-ҷуфт ба оҳанги гӯшкаркунандаи ҷаз мерақсиданд, ишора кард. Ӯ лаҳзае ба ду нафар тоҷикдухтароне, ки дар миёни раққосони гуногунмиллат ба чашм мерасиданд, дидагонашро дӯхт ва ба Кабир рӯ оварда, бо иштиёқ сар ҷунбонд. — Ҳайф шудаст, ҳайф... Ин қадду баст, ин рӯю мӯй катӣ ҳар кадомаш хонаи як йигита обод мекард. Хайр, ҳамин хелҳо ҳам даркоранд, чӣ гуфтӣ, Кабирҷон? Агар ҳамин хелҳо набошанд, мо барин мусофирон дар ин шаҳр аз зиқи мемурданд. Рост не? А, чӣ гуфтӣ? — коҳ-коҳ зад, вай ва оби чашмашро бо коғази дастпоккунӣ хушк кард. — Зан аз мард бисьёр мегӯянд. Яктагӣ зан гирифтем, мондагиҳош чӣ мекунанд?..
— Дуруст. Бешавҳараш чӣ мекунад?! Ман ба шумо гӯям, зан пул барин... ҳар қадар бошад, боз кам аст.
— Аз ин туриҳо дорӣ охир? — Бадалбек лабонашро инҷ карда хандиду бо манаҳаш ба раққосаҳо ишора кард.
— Не-е, — гуфт Кабир чи гуфтанашро надониста.
Инҳо — ошиқи пул. Бепул гапатон намегузарад. Ман ба зане, ки танашро ба пулу чиз мефурӯшад, ҳаргиз нигоҳ намекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё