Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Э, пул гӯяд, пул мепошам, Кабирҷон!.. Парво накун... Якта-дуташа гапзанон кун. Ман ба ту гӯям, зан гирӣ ҳам, ба занат бисьёр часпон нашав! Ҳа, ин сирра ба ту мегӯям, дар ёд дор, чор абзори хонаводаро соз куну аз паи ишрат шав. Лекин як зарра нафаҳмад. Мард барои чӣ пул меёбад? Барои як шикамаш ё зану фарзанд? Не, марди ҳақиқӣ ҳам пул ёфта метавонад, ҳам ишрат карда метавонад. Мард беишрат дар ду рӯз пир мешавад, дониста мон! — баъзан барои таъсири сухан овозашро баландтар мекард вай.
Кабир ба тасдиқи суханони Бадалбек сар меҷунбонд, вале аллакай фикраш тира гашта ба ӯ имкони равшану возеҳ андешидан намедод. Вай ба худ талқин мекард ва амин ҳам буд, ки дар нисбати Бадалбек ҳушьёр аст. Дар сараш гаштаю баргашта як фикр — Бадалбек рӯзи дигар ин ваъдаҳояшро аз хотир намебароварда бошад,— меҷӯлид. Ҷувол-ҷувол ваъда дода, фардо суханони худро фаромӯш накунад, хуб кор аст... — мегуфт вай худ ба худ. Ваъдабоз ба кас сидқу дӯстӣ надорад, мегӯянд.
Хайр, ман ҳам ба корбасти ӯ нигариста амал мекунам.
Шавад, — обӣ, нашавад,— лалмӣ мегӯянд, духтари ин нашавад Занҷир ҳаст... Эҳ, Занҷир, Занҷир!.. Маро занҷирбанд кардӣ... Ҳозир ба хобгоҳаш равам? Хайр, мо маст не... Агар кабоби нағз катӣ шароб хӯред, маст намешудед. Ду шишаро холӣ кардем-а...
— Гумонат дар сари мастӣ ҳар хел гап мезанам, калон-калон ваъда мекунам?... Ҳамин тавр не?.. А? Ман аз дили одам чӣ гузаштанашро медонам, Кабирҷон... Ту ба ман бовар кун, — Бадалбек мастона, суханони аз дил гузарондаи Кабирро фаҳмидагӣ барин сухан сар кард: — Миёни мастию ҳушьёрии ман фарқ нест!.. Ман туро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё