Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ман як умр аз шумо миннатдор, амак... як умр дар хизмати шумо... — даст ба сина ниҳода ғулдур - ғулдур дошт Кабир.
— Шаҳр ҳам, қишлоқ ҳам, Кабири ҷон, ғуломи пул аст. Пул дар шаҳр ҳам ҳаст, лекин... пули шаҳр дар дасти одамони зӯр аст. Пулашон ҳам ҷонашон ҳам — тилисм!
Ҳа, ҷонашон дар тани онҳо не, дандони ҳукумат ҳам намегузарад. — Бадалбек ба имо чашм хобонд, ки маъниаш даҳонӣ ҳамаро баста гирифтагӣ» буд. Ман ҳам ними шаҳратро харида метавонам, ҷон! Намехарам? А?..
— Агар як ферма ин қадар фоида диҳад, аз паси колхоз раис миллиард меғундоштагист-а? — пурсид Кабир чашм аз рӯи Бадалбек наканда, бо лабони аз ҳайрат вомонда.
— Хока, — даст афшонд Бадалбек. — Одами ризқаш танг подшоҳи мамлакат шавад ҳам, якеаш ду намешавад, Кабирҷон. Нотавонбинҳо гумон мекунанд, ки ман моли колхозро мехӯрам. Одами кӯр ба ҳар гумон меравад. Ҳол он ки колхоз моли маро мехӯрад. Бовар намекунӣ? А?
— Чӣ хел? Молатон бисьёр аст? — ҳайрон шуд Кабир.
— Не, молам бисьёр не, лекин... Ана, гӯш кун.
Масалан, бигирем, ки молро барои ба гӯшт додан ба комбинат меорем? Меорем. 120 км! Боз дар таҳи девори комбинати шаҳратон баъзан як ҳафта нигарон мешавем, то онро қабул кунанд. Ҳар як барзагови парворӣ то 25 кило лоғар мешавад. Раҳи дур, бе хӯрок, об катӣ ба зинда монданаш шукр мегӯем. Комбинат дар ин хел ҳол бояд ҷарима диҳад, аммо намедиҳад. Бечора чорводорон баъди азоби раҳу интизорӣ ҳамин, ки молашон ба дарун

пешина
аз 538
навбатӣ