Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

одам мекунам! Тамом! Агар хоҳӣ, духтарамро гир!
Фардо ба институт рав, бин, шинос шав. Агар маъқул куниву ба ту надиҳам, ман — номард!.. Дастата деҳ, — Бадалбек сараввал дасти Кабирро гирифта фишурд, сонӣ аз ҷояш бархосту ӯро оғӯш кашида бӯсид.
— Агар он кас маро хуш накунанд, чӣ мекунам? — Кабир сухани худро ба ҳазл бурда хандид, зеро аз рӯи расму одат домодшаванда дар хусуси арӯс бо хусур ба ин тариқ маслиҳат оростанаш воқеаи касношунида буд.
— Чӣ-и?! Шукр, ман худама мард гуфта, камар бастагиам, ба сарам телпак мепӯшам, рӯмол не, додари азиз! — Ба синааш мушт зад Бадалбек. — Ту ба вай маъқул мешавӣ ё намешавӣ — инро намепурсам, аҳамияте надорад. Ба ман маъқул шудӣ, бас. Барои шумо аз шаҳр ҳавлӣ харида медиҳам. «Жигули»-и навро мегирӣ. Болояшро пӯшида мондаам. Хӯш... Гапзанон мекунам ба ягон кори дуруст мегузарӣ. Ошноҳои дуруст ҳастанд, кашола мекунанд. Ана-мана нагуфта, мебинӣ — соҳиби як идораи калон мешавӣ. Бигир, ба ниятамон расем,— Бадалбек шароби қадаҳашро ба таъбири худаш «ба даҳан ғурронд» ва як пора кабобро гирифту ба даҳан бурд.
— Амак... пушаймон намешавед... аз ман розӣ мешавед! — мегуфт Кабир.
— Агар худо хоҳаду ба Фотима тақдират рафта бошад, ба ман фарзанд мешавӣ, ҷон,— дигарбора ба чашми Кабир нигариста, монанди одами ҳушьёр ба сухан сар кард Бадалбек. — Ман катӣ дарнамемонӣ, гардам, давлати ман ба ҳафт пуштат мерасад. Фақат...
кӯрнамакӣ накунӣ, бас. Сазои кӯрнамак... — Ӯ дасташро панҷара карда ишорат намуд.

пешина
аз 538
навбатӣ