Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кардан ҷойи алоҳида даркор. Молро супоридан даркор,
ин кор саршуморро, плани ширсупориро халал
меоварад. Хӯ-ӯш, фавран поруи молро тоза бардошта,
тахтаю замини зери онро як қабат канда, бурда гӯр
кардан лозим. Ку мошин, ку одам? Таъмир,
дезинфекция... Ба гусолаҳо ширро ҷӯшонда додан лозим,
пӯла-шӯла, як дуньё ташвиш. Бинобар он, байторро аз
кор гирифтанд.
Кабир мастона як ҳуштаки дароз кашид.
Онҳо кабоби аз гӯшти барраи шашмоҳа бо ҷигару
думба нимдумбул пухтагиро хӯрданд. Бадалбек боз
коньяки «Наполеон» фармуд, набудаст, ба ночор ба
«КС» қаноат кард.
Баъд Бадалбек ба сӯи ду нафар ҷавонзане, ки сари
миз бо як тан ҷавонмард нишаста, андак-андак шароби
шампан мехӯрданду хандохандӣ доштанд, ду-се бор тезтез нигаристу ба ишора пешхидматро даъват кард.
— Валяхонум, ба ман нигар, ҳамон... мӯяш тоҷи
хурӯсро ба гап намедарорӣ? — Бадалбек ба сӯи вай
ишора кард.
— Ношинос, тамоман ба ман бегона.
— Як бало кун, ба назди мо шинон.
— Ҳамроҳаш вай ҷавонмард аст, балки шавҳараш
будагист.
— Хуб, ба Шокалод тилфон куну ба хонаи ман
кабобу коньяк фиристон.
— Чау, имшаб омада наметавонанд.
— Э, гаранг накун!.. Ма, — Бадалбек якчанд бисту
панҷсӯмии рахташ накушодагиро ба назди пешхидмат
партофт. — Баъди як соат ҳозир кун. Ман ин ҷавони
хушрӯйро гусел мекунам. Фаҳмидӣ?

пешина
аз 538
навбатӣ