Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

як духтари ба вай дилписанд буд, аммо падару модараш ба хостгорони Кабир ҷавоби рад доданд. Хонаводаи Кабирро ба худ баробар надида, духтарашонро ба писари кадом як директори мактаб доданашон ба Кабир сахт алам карда буд. Ҳоло ӯ пеши назар меовард, ки агар ба Бадалбек домод шаваду рӯи об барояд, онҳоро чигуна аз карда пушаймон хоҳад дид.
Кабир ҳар лаҳза ба соати тиллое, ки Бадалбек аз банди дасти худ кушода, ба дасти ӯ баст, менигарист.
Вай соати кӯҳнаи Кабирро бо кароҳат гирифту аз тиреза ба берун партофт. Кабир то ҳол соати тиллоро ягон бор дар даст дошта надида буд, бинобар он, ҳар замон бо шавқ ба он менигарист. Дар гумонаш мегузашт, ки аз ҳамин рӯз сар карда ақрабакҳои зарандуди ин соат дақиқаҳои хушбахтию комронии ҳаёти ӯро хоҳанд шумурд.

  1. Фотима

Кабир то ҳол ҳеҷ духтареро сидқан, бо тамоми
ҳастиаш дӯстдор набуд. Занҷирро мехост, дилаш ба вай
моил буд, аммо бечораҳолии падару модари духтар ӯро
малул медошт. Аз ин хусус меандешид, вале аз чи
бошад, ки дар дилаш ҳаргиз эҳсосу ҳаяҷони амиқу
бузург шӯриш намекард, синааш барои дили пуризтироб
танг намеомад, шабҳо бо дидагони бедор ситорашуморӣ
надошт, аз қаъри дил оҳи пурдард намекашид. Анъана,
расму одат барои вай хурофоти мавҳум буд, таърихи
халқу ватан аз дарси дилгири мактабӣ беш чизе набуд. Ӯ
худро барои гапфурӯшиҳои беҳуда не, балки барои кору
амал офарида мешумурд. «Барои чӣ ман зиндагии мӯҳташам надорам, чаро «кор кун» мегӯянд?!

пешина
аз 538
навбатӣ