Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

зебанда, аз рӯи завқи баланд. Тарбияи шаҳр, таълими донишгоҳи тиббӣ дигар аст». Вай Фотимаро бо Занҷир аз ин бобат таққос карду ба дил гуфт: «Агар Занҷир ҳунару муомилаи инро меомӯхт, дуньёро беоб меҷунбонд.»
— Хуб, ба чӣ роҳ якдигарро мешиносему унс мегирем, гӯед, — гуфт Кабир ночор ва ин амрро ба духтар ҳавола кард. — Мо бояд якдигарро санҷида, озмуда, а-а... агар илоҷаш бошад, маъқул кунем. Одатан, тамошои фильм, муҳокимаи он... Ман охир кию чӣ будани шуморо намедонам, шумо ҳам инчунин... Балки беҳуда ранҷ кашида, шинос шудан лозим набошад, ки медонад...
Кабир чашмдор буд, ки агар матлабро ба духтар равшан фаҳмонад, ӯ мегӯяд, ки дар ин бобат падараш катӣ гап задан лозим ва ғайра.
— Ман дар умрам ягон ҷавон катӣ ба кино нарафтаам, акнун омада-омада шумо катӣ меравам?! — Боз қиқиррос зада, дасташро ба сина ниҳоду сарашро ба ақиб хам дода, лаҳзае хандид духтар. — Додарам омад, ун катӣ ба кино рафтанба шарм кардам.
Духтар ба ҳадде дилпур аз худ сухан мегуфт, ки ба қавли вай эътимод накардан ғайриимкон буд. Кабир дар банди шубҳа дармонд: «Ин духтар шир барин покиза метобад... Ман таҳи гапро таъин нафаҳмида, дар ҳақаш гумони бад кардам. Мабодо ғалат карда бошам-а! Аз бистари он ҷавон кашола карда гирифтагӣ барин боз инро ба додош ҳам ишора кардам. Марди дигар мебуд, ҷоғамро зада мешикаст. Офарин ба тамкину бардошти Бадалбек! Ана, ӯро мард мегӯянд. «Бирав, аввал шинос

пешина
аз 538
навбатӣ