Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Кай шуморо мебинам?.. Ман фардо соати шашуним аз кор фориғ мешавам. Агар фурсат меёфтед...
— И-и, шумо ғалатӣ будаед!.. Охир, гуфтам-ку, — Фотима кӯшиш дошт, ки бо инкори худ дили ҷавонро наранҷонад, ӯро ғам надиҳад. Бинобар он, ҳоло суханони инкори вай ҳам мисли он, ки каломи навозишомезе бар он зам бошад, дилнишин садо медоданд.
— Фардо бояд якдигарро бубинем. Таъхир кардан имкон надорад. Илтимос, Фотима, — Кабир дар қолиби андешаҳои худ сухан мегуфту духтар аз ин талабҳои асроромез баъзан дар тааҷҷуб буд. — Агар фардо набиёед, илтимос, ҳеҷ набошад ба падар занг зада, узратонро гӯед. Агар ба ман гуфтан нахоҳед, ба он кас гӯед, аз забони худатон шунаванд.
— Мебинам... — Фотима ба аломати ҳайрат китф боло кашид, баъд сарашро рӯи як китфаш хам карду сиёҳии чашмонашро гирди пилк ба ноз гардонд. Равшан буд, ки вай ин амалро хеле машқ кардааст ва ҳоло аз адои он қаноатманд менамуд.
Суханони охирини Кабир Фотимаро дар банди андешаҳои мухталифу мубҳам кашиданд. Ӯ тахмин гирифт, ки ин ҷавони содданамо чандон гӯл нест ва агар гӯл бошад ҳам, аз баъзе сиру савдои ӯ огаҳ аст.

Падару модар аз Фотима кайҳо умеди хайрият
бурида буданд ва худи духтар ҳам баъзан бемеҳрӣ ва
беалоқагии худро ба хонавода сабабе наёфта, ҳайрон
буд ва чору ночор онро ба пешрафти маънавию мадании
худ ва қафомонии онон ҳамл мекард. Фотима ба дарду ғам ва ташвишу тараддуди пайвандонаш сирф бепарво, як духтари бегонасуробе гашта буд, ба ҳадде, ки баъзан ба тӯю азоҳои наздиконаш ҳам намеомад.

пешина
аз 538
навбатӣ