Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мекунем! Дастатро бидеҳ! — Бадалбек мастона шараққос зада каф ба кафи Кабир зад.— Ё гапам нодуруст?
— Ман ҳолӣ падару модарам катӣ маслиҳат накардаам. Онҳо арӯсро надидаю насанҷида розӣ намешаванд.
— Дуруст мегӯӣ, Кабири ҷон. Падар розӣ — худо розӣ гуфтаанд. Дуои падару модар ба ҳар мақсад мерасонад. Падари ту, Кабирҷон, одами як гапро мефаҳмидагӣ, вазъи замонаро дуруст пай бурдагӣ. Як-ду бор ҳамгап шудему ман донистам. Садқааш шавам, дар шаҳр одами хом нест. Одами хом ба шаҳр афтода монад, майзада мешаваду меравад. Ё гапам нодуруст аст? — Бадалбек то ҷавоби тасдиқ гирифтан чашм ба чашми Кабир дӯхта мижа намезад.
— Дуруст, — дуруст... Ҳозир ман... а-а, ниятамро а-а, ба падару модар бояд, ки а-а... фаҳмонам, — мастона ғулдурросзанон, бо а-аю э-э-ҳои беҳисоб ва ишораи чашму абру изҳори матлаб мекард Кабир.
— Ҳеҷ гап не, — даст афшонда сухани Кабирро бурид Бадалбек. Ҳе-еҷ гап не, ҳо-озир... Ҳар ду ба ҳавлиатон меравем! Меравем? Меравем! Ма-ман мегӯям:
гап ҳамин: Кабири шумо... домоди мо, духтари мо — Биби Фотима — арӯси шумо. Шуд? Рӯирост мегӯям:
ҷавонҳо гапашонро пазондаанд, боқӣ сухан ба мову шумо. Тамом! Ғами тӯйро нахӯред, ҳамааш тахт мешавад! Либосу палос, асбобу анҷом гӯён гаранг нашавед, қудоҳои азиз-! Ман — Бадалбек! Ба ман азизу авлиё назар кардагӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё