Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  1. Кабир

Бомдоди субҳи дигар Кабир аз хоб чашм кушоду бар асари аз шароб заҳролудии ҷисмаш монанди нахустбодагон ба шиканҷаи алиме гирифтор шуд.
Меъдааш беҳузур, даҳонаш талх, сараш пурдард, ҳатто ҳалқу гулӯ ва сари синааш озурда буд. Ба замми ин азоб вай гуфтугузори шабонаро якояк ба ёд оварду бештар таҷанг шуд. Нахуст ӯро чунон ҳолате рух дод, ки якбора ба Бадалбек ва духтараш хашм гирифт, пеши назараш он ду нафар аз манҳустарин махлуқи ин ҷаҳон ҳам зишттар ҷилва карданд. Худ ба худ иқрор кард, ки агар он ду тан нобакорон ин лаҳза дар рӯ ба рӯяш ҳозир мебуданд, ӯ ҳақиқати кори онҳоро бо ҷонгудозтарин алфоз ба худашон мегуфт ва аз ин ҷасорати худ ҳаргиз пушаймонӣ намекашид. Не, балки сонитар афсӯс мехӯрд, аммо... Инак, аллакай вай ҳамаи подошҳои ҳаёти биступанҷсолаашро аз даст дод: ҳамкорон, ҳамсабақон, ҷӯраҳояш ба ҳоли ӯ механданд, не, балки ошкоро нафрат мекунанд. Бале, аксар нафрат мекунанд.
Хусусан, ҳамкорон ба кӣ хонадор шудани ӯро шунида...
Занҷири нозанин аз даст рафт... Дигар дар сад сол ҳам дасти ман ба дасти ин хел духтари нозанин намерасад.
Дигар дар хоби шабам мебинам, ки бо ӯ нишастаам!
Аммо дар бадали ин қадар бохт чӣ ёфтам? Бурдам чист?
Ҳанӯз номаълум.
Оташи хашму адовати вай лаҳза ба лаҳза боло мегирифт. Фардои норавшан, умеди нотаъин ҳамзистӣ бо духтари бадгарду бадном дили ӯро пайваста мефишурд. Кабир ним соат буд ё бештар вақт рӯи бистар дар банди инчунин андешаҳои нохуш ва дилхарош печутоб хӯрд, монанди ҷонвари ба дом афтода дандон хоид, аз ҷигар дарун-дарун нолаҳо кард.

пешина
аз 538
навбатӣ