Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нозим аз вай ҳам бадтар як кӯрсавод буд. Ариза навишта наметавонист, агар нависад ҳам, аз ним саҳифа аризааш даҳ ғалати имло меёфтед. Имрӯз вай ҳам дар вазорат кор мекунад. Шодмоне, ки дипломи сурхи имтиёзнок гирифта буд, кадом рӯз шикоят дошт, ки Нозим андеша намекунад, ба вай кор омӯхтан мехоҳад.
Боз калондаҳонӣ карда ба Шодмон гуфтаст: «Ту аз ман наранҷ, ман ҳозир ту барин даҳҳо дипломи сурх гирифтагиҳоба кор ёд медиҳам. Ҳа, гоҳе чунон метобам...» Аҷиб, он бачаҳое, ки айёми таҳсил ба илму фан рағбате надоштанду вақти худро бештар ба корҳои ҷамоатӣ сарф мекарданд, оқибат калон шуданд. Мани гаранг гумон мекардам, ки бедонишу ҳунар ин қабилҳо ҳамин ки ба кор сар карданд, мисашон мебарояд, расво мешаванд. Албатта, донишу маҳорат ҳам даркор аст, хусусан, ба одами бекасу бепуштибон зарур аст. Дертар бошад ҳам, ман ин сирро фаҳмидам. Албатта, агар панҷшаш сол пештар мефаҳмидам, гапу кор дигар хел сурат мегирифт».
Ногаҳон ба хотири Кабир расид, ки вай фардо бояд ба алафдаравӣ биравад. Қариб аксари ҷавонону духтарони муҷаррад мераванд. Занҷир ҳам мерафтагист?
Бешак, ӯро мефиристанд. Баъзеҳо баҳонаю сабабе ёфта, халос мешаванд, аммо вай аз ӯҳдаи ин хел корҳо намебарояд. Мавсими пахтачинӣ расад, ба пахтачинӣ мефиристанд, алафдаравӣ, хишова, картошкачинӣ, бинокорӣ... Сонӣ дар охири моҳ «аврал» гӯён «ҳа, бош ҳа, бош» мекунанд... Ба гурӯҳи алафдаравҳо киро сардор таъин мекарда бошанд? Ду шиша арақ бурда медодаму ба хона омада бафароғат мегаштам. Агар Доварро таъин кунанд, рӯзи ҳама — сиёҳ. Ӯро ба гап дароварда намешавад.

пешина
аз 538
навбатӣ