Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хилватгоҳе зор буд, мехост, ки ҳеҷ набошад, як-ду соат танҳо бошад, ин ҳама воқеаҳои тозаи ҳаёташро бо тааммуқ таҳлил кунад, фикран андозу баркаш намояду бисанҷад. Ё худ ин не, он не, дидори Довар ӯро ба ҷониби хаймаҳо мекашид, кӣ медонад. Не, Занҷир ҳанӯз бо Довар шиноси наздик набуд, гуфтугузорашон аз доираи ҳамкорӣ берун намерафт. Аммо дили Занҷир аз воқеае гувоҳӣ медод.
Вай досаш ба китф рӯ ба поён қадам мезаду чашмаш ба зебоиҳои атроф буд, бинобар он, ҳар замон пешпо мехӯрд. Занҷир ҳоло ба дил иқрор мекард, ки умраш бино шуда ин гуна баҳори зебо ва мӯъҷизанокро надида буд. Баҳори диёри кӯҳистон ҳамасола пуртаровату зебо буд, аммо ба ин тарз ҳаргиз ӯро масту мадҳуш накарда аст, ин қадар рангу бор надошт, дӯкони аттор барин ҳазор хел атромезӣ намекард. Садою оҳанги онро намегӯед! Талу теппаҳо шабу рӯз аз оҳанги муҳаббатпарвари зиндагӣ моломол буданд. Дар ин кӯҳпояи бекас ин қадар рангубор, ин қадар назокати бемисол будаст! Дар ин талу дараҳои дар назари аввал сокит ва хомӯш чӣ қадар ҳаёт, наво, сурур ба ҳам ҷӯр будаанд, акнун вай мешуниду медид. Аз тамошои ранги гулу гиёҳ чашми Занҷир сер намегашт. Одатан, агар досашро аз каф монад, ҳатман ӯ алаферо канда ба даҳан мебурду ба дандон онро мегазид. Дар ин теппаҳо ва сойҳо ҳар гиёҳе, ки вай аз пеши пойи худ меканд, шаддаи гул буд. Ҳатто дар хоки ҷариҳо ва қайроқи селкандаҳо гул рӯида аст. Занҷир ба қавли худаш, алаф не, гул медаравид, ҳар як дарзаи ӯ гулдастае буд.
Онҳо дувоздаҳ рӯз боз дар миёни ин теппаҳо алаф медаравиданд. Занҷир ҳеҷ гумон надошт, ки дар масофаи ҳамагӣ 25—30 километр дуртар аз шаҳр инчунин теппаю алафзорҳои беохир ҳаст.

пешина
аз 538
навбатӣ