Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ида Ноддак соли 1934 ба олими машҳур Ган гуфтааст, ки бо физикҳо маслиҳат кунед, ядрои атом ҳангоми таъсири нейтронҳо ба ҳиссаҳо ҷудо мешудагӣ барин. Ган ба ин тахмини даҳоёнаи зан он замон тамасхур мекунаду мегӯяд, ки агар унвони олимиро ба хок задан нахоҳӣ, дигар ин хел гапро нагӯй.
Занҷир ҳарчанд, ки номи ин олимонро бори аввал мешунид, доир ба атом тахмини он олимзанро ба дил таҳсин кард. Бо ин ҳама, аз ин сӯҳбат дар дили ӯ гиреҳи ноҳинҷор пайдо шуд ва он ҳоло ба вай оромиш намедод. Занҷир бори аввал пай бурд, ки Оля аз ҳар боб бо Довар сӯҳбат мекунад, аммо ӯ оҷиз аст. Ҳарчанд, ки медонист, Оля олимаълумот аст, дар кадом як институти илмӣ-таҳқиқотӣ кор мекунад, эҳсоси тафриқааш, бо Довар Занҷирро андӯҳгин кард, вай худро ба онҳо номувофиқ дида, ранҷ мекашид. Довар аз аҳли фаросату тамиз буд, аз рӯи адаб ва ҳурмат ҳар замон мавзӯи сӯҳбатро дигар мекарду бо саволе ё талаби эзоҳе Занҷирро ба гап мегирифт, аммо аз ин кори ӯ гиреҳи дили духтар сахттар мегашту бас.
Чор километр роҳ дар назари Занҷир аз даҳ километр афзунтар намуд. Вай раҳораҳ ба дил мегуфт, ки агар Кабир ба алафдаравӣ меомад, ҳоло ӯро ҳамроҳи ин ҷавон дида, балки алам мекашид. Доварро бо ӯ баробар карда намешавад. Ман мехоҳам, ки шавҳарам ана, ҳамин Довар барин аз ман донову боақлтар, ба ман муаллим барин бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё