Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чунон ки Довар гуфта буд, дар он ҷойҳое, ки урьён ё камалаф буданд, замин лой ва лағжонак гашта, барою фуро мушкил гашт. Аспҳо бо ду пои қафо лағҷида баъзан бо ду сони худ ба замин менишастанд, гоҳи дигар бо чор по лағжида, ба сахтӣ худро аз сарнагун афтодан медоштанд.
Борон мебориду меборид. Довар ба ранҷи духтарон худро сабабгор дониста, ҳоло ғазабнок меомаду гап намезад, ёрои ба рӯи ҳамроҳон нигаристан надошт.
Онҳо ба сойча расиданду селроҳаи мудом беобро ҳоло дар талотуми ҳавлангез дида, баробар нидо бароварданд:
— Эҳ-ҳе!..
— Ана, тамошо!
— Дар кӯи Пистазор борони сахт задаст-дия, — гуфта Довар ба сӯи кӯҳсори рӯ ба рӯ нигарист, аммо дар паси тӯри борон тимсоли тираи он ба назар менамуду бас.
Сел чандон бисьёру харобиовар набошад ҳам, ба дилҳо ваҳмангез асар дошт. Ғурриши ин оби гилолуди бо суръат ҷаҳанда шасти ҳар як одами пурдилро мегардонд.
— Ба аспҳо савор шавед! — гуфт Довар ва худ ба назди Оля рафта, ӯро кӯмак кард, то ба аспаш савор шавад. Баъд худаш ҳам аспро савор гашту аз арғамчини аспи дигар гирифта, ба сой фуромад. — Аспро ҳаргиз ба майлаш нагузоред! Фақат аз паи ман, роҳи ман гузаштагӣ катӣ! — фарьёд кард вай баъди ба об даромадани аспҳо.
Довар гумон дошт, ки агар ба сӯи Занҷир нанигарад, вай осон ба асп савор мешавад. Аммо Занҷир ҳарчанд

пешина
аз 538
навбатӣ