Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баъд якбора ба ҳавои уфар тарона сар кард: — Ишқ дар ҳар гӯшае афсонаҳо хонад зи ман...
Занҷир аз ҷилави асп гирифта бехуд қадам мефиканд, гӯё дар хоб бошад ё беҳуш, мерафту фақат овози нафис, равшан ва аз сидқу самимият моломоли Доварро гӯш мекард.
Баъд чароғҳои манзил намоён шуданду овози Довар ҳам қатъ ёфт. Вале дили Занҷир ҳанӯз ҳам мисли мурғаки ба дом афтода беқарор метапид, овози ҷавон дар гӯшаш садо медод, вай ӯро дар паҳлӯи худ равон медид. Занҷир бо кафи дасташ сарашро аз ду тараф молида гузашт, сарсӯзанҳояш барҷо, уребчаи намро раҳо намекарданд. Ногаҳон ба вай чунин намуд, ки баҳор ҳам, шаби сиёҳи абрнок ҳам якбора дигар шудаанд. Аз ин замини сабз ҳоло ба машоми ӯ накҳати бахту шодмонӣ, оромишу осоиши аҷиб меомад, дилаш хушиҳои басо афсонавӣ, зебо ва рӯҳбахше мужда медод.
Вай ҳайрон ба атрофи худ менигарист, ба олами сабзу мулаввани навзоде, ки иҳотааш гирифта буду бо ӯ хомӯш, асроромез, бо забони муҳаббат гуфтугӯ дошт ва тапиданҳои дилашро тадриҷан ба меъёри муқаррарӣ меовард, ҳамнафас мегашт.
Баъди обро фуровардан Занҷир танҳо будан мехост бинобар он, ба хайма ворид гашту либосашро иваз карда, даруни бистар даромад.
Оля ним шиша барин арақ оварду гуфт, ки ману туро Довар зиёфат мекунад.
Занҷир фикр мекарду фикр мекард... Вай ба дил ҳасрат мехӯрд, ки рози худро ҳайфо, ки дар ин ҷо ба касе гуфтан наметавонад. Аслан, ин розро магар бо сухан гуфтан мешавад?! Не, гапу кори имшаб, дар канори сой воқеъшударо набояд, ки ягон ҷонзот бишнавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё