Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ноқобилро маломат кунанд, дар омади гап мегуфтанд:
«Агар ҳолат ин бошад, Имомалӣ барин дар зиндагӣ як
ҷомаат дута намешавад». Инчунин суханон ва ба ин
монанд ақидаи одамон бешак ба гӯши Имомалӣ расида
ва ҳатто аз забони баъзе аз аҳли хонадонаш борҳо
таънаомез таъкид ёфта бошад ҳам, вай хӯи худро ба
осонӣ тағьир дода наметавонист. Шоҳидон дар ҳаққи
вай як воқеаи парерсоларо гуфта, то ҳол механдиданд.
Имомалӣ аз деҳа дур, пахтазори соҳили дарьёро об
медод. Дар сари роҳаш полизи бодиринги барвақтӣ буд.
Рӯзе даргузар аз он мавзеъ дид, ки палаки бодирингро
канда, ғун мекунанд, агарчи дар ҳар як палак се-чортогӣ
бодиринги барра ва зард буд.
«Ҳой, мондаҳо, чӣ гап шуд, ки палаки бодиринга
меканед?» — наздик рафта пурсид вай.
«Саломат бош, додар, — гуфт Ғанибобо, ки дар
бригадаи обчакорӣ корҳои сабукро адо мекард. — Ба
ҷояш тезтар карам шинондан даркор мегӯянд».
«Ҳамин гапа барвақттар нагуфтед, аз ин бодиринг ба
хона мебурдем», — афсӯс хӯрд Имомалӣ.
«Як ҳафта боз дар ҳамин ҷо обмонӣ дорӣ, аз ҳамин
бодиринг ба хонаат набурдӣ?» — ҳайрон шуд муйсафед.
«Не, валло, ман аз ин хел корҳо ҳазарӣ».
«Охир, қариб як ҳафта аст мардум аз ин бодиринг
мебаранд. Ман посбон будам, «бодиринг даркор не рад
шуд», гӯён ба полизи Сойча фиристоданд. Ту чӣ, аз
дуньё бехабарӣ? — ба соддадилии Имомалӣ хандонхандон эзоҳ дод муйсафед. — Агар даркор бошад,
бирав, ягон линга биёр, аз барра-баррааш бигир».

пешина
аз 538
навбатӣ