Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
«Э-э, як лингара чӣ мекунам, монед, боз гап назананд, ана, ба ин миёнбанд...»
«Сӯфӣ шаву рав», — гуфт муйсафеди полизбон.
Модари Занҷир шаш-ҳафт сол боз дардманд гашта, хонашин буд.
Занҷир аз синфи шашум сар карда, баъди дарс дар силки дугонаҳояш мунтазам ба кори пахтазор машғулӣ дошт. Вай хуб фаҳмида буд, ки номи неки ахлоқи покиза, хушхӯӣ ва кор — мизону миқьёси баҳои духтари деҳа ва гарави хушбахтии ӯст. Мисли ҳар як духтар вай хушбахт будан мехост ва хушбахтиашро аз рӯи русуми деҳа дар симои ҳамсари ояндааш медид. «Толеи духтар шавҳар аст, — мегуфт гаштаю баргашта бибии пир, — туро хушбахт кунад ҳам, бадбахт кунад ҳам, ҳамон бахшидаат мекунад, духтарам». Марбут ба он ҷавони номаълуме, ки мебоист шавҳараш мегашт, Занҷир дар дил чи орзуҳое мепарвард!
Вай ба синфи нӯҳум гузашту ба хонаи онҳо хостгорон омадурав сар карданд, вале ҳама аз ваҷҳи ноболиғии духтар ночор монда, пушти сар мехориданд. Бибӣ алам мекашид, ки хостгорони дилхоҳ меоянду қонуни ҳукумат ба тӯи духтар монеъ аст. Ҳар бор талабгори дилписандеро гусел карда, пиразан ду-се рӯз беором ғутғут мекард:
— Тавба, ҳамин ҳам гап шуд! Кӣ ҳамин қонуна бароварда бошад? А?.. Охир, духтарата олим карданӣ бошӣ, хонондан гир, ба духтари дигарон чӣ ҳақ дорӣ?!
Ба ҳаждаҳ дарояду пирдухтар шавад, сонӣ шӯ мекардааст! Пушт-пушти мо духтара аз 14—15 нагузаронда ба дасти соҳибаш месупориданд, ҳеҷ бало намезад-ку.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё