Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Оби чашмони Занҷир мисли борон якбора ба рӯяш рехт, вай бархоста гирьяву ханда ба ҳам омехта бибиро оғӯш кашид, аз рӯю мӯи сафеди пиронааш гарм - гарм бӯсид, рӯяшро, чашмони ашкборашро бо меҳр ба рӯи пурожанги пиронаи бибӣ гаштаву баргашта молид.
Тарсу ҳароси Кабир аз ин сон хавотириҳо набуд, Тарси вай ба таҳлукаи бибии меҳрпарвар ҳеҷ монандие надошт. Чашмдошти Кабир ин буд, ки қаробат ва пайвандаш бо Бадалбек ва ҳалқаи ӯ вайро аз иҳотаи рӯзгори оддию берангаш берун мебараду ба ҷаҳони дар тасаввур парвардааш — арсаи кӯшишу талоши мақсаднок, ҳамдастию ҳамбастагиҳои ғайриоддӣ хоҳад афканд. Аммо ҳоло аз нахустин диду водиди худ қаноатманд набуд, дилаш ғашнок гашта, шубҳаи нотаъине дар вуҷудаш хона гирифта, ӯро беқарор медошт. Баъзан чунин ба назар менамуд, ки ӯ аз рӯи ҷимҷима равон аст, ки рӯи он сабзаву гулҳо рӯида, вале зери он шилкобе пинҳон аст ва ин вартаи мудҳиш пои ӯро оҳиста поён мекашад.
Баъд аз маслиҳату машварати зиёд дӯстонаш ба Бадалбек талқин кардаанд, ки Кабир бояд ягон сол ё бештар дар ягон корхонае, зери дасти одами худӣ кор кунаду узви фирқа шавад, аз он ҷо тавсифномаи дуруст бояд гирад ва ғайра. Кабир ин пешниҳодро андешида, сараш ба дард омада буд ва ҳоло ба зоҳир хушнуд, вале ботинан дар ташвиш ба сӯи фардои ноаниқи худ қадам мезад. Баъзан дар назараш чунин меомад, ки хушнудию хушбахтиҳои орзу кардаи вай монанди тасвирҳои саҳнаи театр дурӯғин аст, аз хишту соруҷ не, балки аз картону коғазҳои рангин сохта шуда аст, метавонад боди сабуке онро валангор созад. «Ман кор кардан мехоҳам, қувватамро, қобилиятамро ба ягон кори арзиданӣ сарф карданиам, дуздию ғоратгарӣ карданӣ нестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ