Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
гӯён бо табассум аз дар медарояд. Табассуми вай монанди... монанди табассуми Занҷир касро маст мекунад. Котиба чойники чойи доғро оварда, рӯи миз мегузораду мегардонад ва пиёлае рехта мунтазири амри вай сарашро ба як сӯ андаке хам карда, мисли ана, он котибаи вазир миҷа назада, ба рӯям менигарад. Ҳарчанд ки мегӯянд одами занбоз ва шаробхора мартабаи баланд намеёбад, ман духтарони нозанинро дӯст надоштан наметавонам. Занбозии ошкоро фосиқист, агар пинҳон май хӯреду ишқварзӣ кунед, ин нишони ҷавонмардию олиҳимматист. Чӣ, ман барзаговам магар, як умр кор кунаму аз лаззати ҳаёт бенасиб монам?
Барои як шикамамро сер кардан як умр кор кунам, ҷон коҳонда, худро ба теғу табар занам? Як рӯз шавад, ки пири ранҷур ва ё маъйубу маслух афтам, ба дасти умедам бод, дар сари ҳар чорраҳа хидматҳои собиқамро гуфта, мардумро дарди сар дидам? Не-е...»
Кабир роҳ мерафту мисли одаме, ки иллати молихулиё ба вай сахт асар кардааст ва бар замми он ӯ шароб хӯрдааст, бо лабони инҷ табассум мекард.
Бегоҳирӯзӣ шаҳр ба мисли орухонае, ки бачаҳо ба он чӯб расонидаанд, пурвалвала буд. Кӯчаҳо пурмошин, пайраҳаҳо серодам, ҳама саросема, шитоболуда.
Коргарон, инҷенерон, духтурону муаллимон, ходимони идораҳо дар ин соат аз кор фориғ гашта, анбону тӯрхалта, портфельҳои пурбор дар даст ба хонаҳояшон мешитобанд. Мунтазирон дар истгоҳҳои мошин намеғунҷанд, пайраҳа ва бахше аз роҳи мошингардро ишғол карда, аз паси мошинҳои пуродам даводав доштанд. «Маро ронандаи хизматгузор бо «Волга»-и сафед дар ҳама ҷо интизор хоҳад буд», — аз дил гузаронд Кабир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ