Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гуфтам: «Омада-омада рӯзат ба даллагӣ монд?!
Гадои дар кӯча кафашро доштагӣ гадо аст, лекин ту аз вай батарӣ, чашми ту, дили ту гушна, ту — гадотабъӣ...
Бирав, косалеси калламайнахӯр, хӯҷаинатро гӯй ба ин ҷо ояд, ман дар назди одамон бо ӯ сухан карданиам.
Бирав бигӯ, биёяд...» Иринабону, агар меомад, гуфтаниамро мегуфтам. Афсӯс, наомад. Ҷорӯби дарозро рост карда монда будам, ба фарқаш кӯфта-кӯфта, саг барин мерондам. Афсӯс, наомад, ҳар ду ҳам шабошаб гурехта рафтаанд. Ана, акнун ба дастам афтод! Биё берун барою тамошо кун. Акнун аз ман ин палид фақат гап шунида, халос намешавад. Қумғонро ба алав монда будам, ҷӯшидагист, оби ҷӯшаш катӣ ба сараш мефурорам.
— Девонагӣ накун, духтар! — аз қаҳри қасосталабонаи Занҷир хавотир шуд Ирина. — Судбозӣ кардан мехоҳӣ? Ягон ҷои худатро месӯзӣ.
— Мон, як бор аламам барояд! Лаънатӣ дигар намеояду аламам дар дил мемонад, гӯён хавотир будам, хайрият омад.
— Беақлӣ накун! Бигир, ана, ҷорӯб катӣ бирон фалоката, аммо вай кати моҷаро мекунию обрӯи худро мерезӣ, духтар. Сонӣ мардум ҳар хел тавзеҳ мекунанд.
Ин ғавғо ба гӯши Довар мерасад...
Занҷир аз шасташ гашт ва лаҳзае дар банди андеша монд.
— Хуб, чи гӯям ба вай? Ба назди духтари фотиҳа шуда чаро меояд?! Ин марди ҳафтафаҳм ба дороиаш чунон ғарра аст, ки гумонаш Доварро ҳам ба пулу мол мехарад. Ин сабил пулу мансаб ин қадар ақли инсонро тира мекардаст-а!

пешина
аз 538
навбатӣ