Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Занҷир, ту дигар бо ӯ моҷаро накун. Акнун ту бекас нестӣ, фикр кун. Худро аз ин хел моҷароҳо дар канор бигир. Пеши Довар меравад, ӯ чашмашро мош барин мекушояд, мардаки каллагаранг мебинад, ки ин хел ҷавонмардон ҳам ҳастанд...
- Бадалбек ва Довар
Бадалбек ҳеҷ чашмдор набуд, ки Занҷир ин қадар зуд тағйири одат ва феълу хӯй мекунад, ҳатто андеша накарда, ӯро мазоҳу масхара мекунад. Зиёда аз ин, вай ҳеҷ гумон намебурд, ки ба вай Довар барин талабгори қудратманд ёфт мешавад. «Агар аз ҳамин ҷавонони қаторӣ ягонтааш харидорӣ мекард, ҳатто шаби тӯяш, базмро дар хонаи домодаш гузаронда, Занҷирро бурдан аз дастам меомад, — мегуфт ӯ ҳоло ташвишомез. — Аммо ин катӣ мушкил барин... Пулро писанд накарданаш ҳамту, бодигӣ гӯям, шербачаҳо мегӯянд, ки вайро аз қасдаш гардондан мушкил аст, дар ду олам аз вай халос намешавед, падараш одами таъсирнок, пӯлашӯла. Болои сӯхта намакоб, духтари бефаҳм ҳам бехуд шудаст. Баъди ба шаҳр омаданаш, дарҳол аз паяш наафтодам, пулу мол чӣ чиз аст, фаҳмад, андак мӯҳтоҷ шавад, гӯён беҳуда гаштам, духтара вайрон кардаанд.
Ҳафтаи гузашта ба хобгоҳ равам, чунон лӯлигӣ кард...»
— Як-ду сол тарбия гирад, сонӣ одамсуроб мешавада, Мир, — гуфт ӯ ҳоло хитобан ба ҳамроҳаш ҷавонмарди ришрасидае, ки дар чашмаш айнаки сабз дар курсии қафои мошин нишаста, беором сигор дуд мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо