Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Бадалбек ба сӯи Кабири дар таҳдари фабрика нигарон ишора карданашро вай фаҳмиду «ҳим-м» гӯён ҳамфикрӣ кард. Сонӣ аз як кунҷи лабаш баромад:
— Ҳолӣ-латта. То ин мепазад, ки даҳ харбузапаз мегузарад.
— Мепазад... Чунон мепазад, ки...
— Баромад, — гуфт ба майли хотир ҷавонмарди айнакӣ.
Бадалбек дари мошинро кушоду ба сӯи Кабиру Довар, ки ин дам вохӯрӣ доштанд, қадам зад.
— И-и!.. Ассалому алайкум, мулло Кабир! — Бадалбек аз қафо рафта оҳиста даст ба китфи ҷавон расонду баъд баҳри вохӯрӣ ду дасташро ба вай дароз кард, аммо чашмонашро ба Довар дӯхта буд. — Кайфатон чоқ, саломат ҳастед? — Вай дасти ӯро монду барои вохӯрӣ ба Довар даст дароз кард. — Канӣ, домулло тинҷед, сиҳату саломат?.. Аз роҳ мегузаштам чашмам ба дарвоза афтоду нигарам, шумо истодаед, — Бадалбек тап-тап ба китфи Кабир зада, изҳори шодмонӣ мекард.
— Ман ҳайрон шудам... Якбора аз осмон фуромадед магар, гуфтаам, — гуфт Кабир суханони қаблан тайёр кардаашро канда-канда гуфта. — Ҳа, ман шуморо шиносо кунам... Ин кас, — вай ба Довар, ки ҳоло фурсат мепоид, то зудтар хайрухуш кунаду биравад, ишора кард, — инҷенери фабрика, сардори цех, яъне, метавон гуфт аз раҳбарони ин фабрика акои Довар. Ин кас — ӯ ин бор ба сӯи Бадалбек ишора кард, — аз шиносони наздики мо, чорводори номдор — амаки Бадалбек...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо