Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гуфтагиаш барин, ман тарона кунаму дигарон сақич хоянд? Бас аст, дида-дида, чашми ақли мо ҳам кушода шуд, намехоҳам фарзандонам ман барин шаванд. Ё дар ферма ҷои вай даркор будагист?.. Аз ин одамон ҳар нағма меояд», — Имомалӣ фикран бо он хостгорон хархаша дошт ва баъд ӯ сабаби ин ақидаи худро ба модар тавзеҳ мекард.
Пиразан ба ин тариқ хилофи хулқу атвори худ амал кардани писарро ҳаргиз чашм надошт, бинобар он, аз ин сухани ӯ тааҷҷуб мекард. Бо ақли пиронаи худ вай ҳоло идрок мекард, ки Бадалбек баринҳо нуфуз ёфта, одамони оддию заҳматпеша ҳам аз онҳо таъсир ва ибрат мегиранд. Бешак пиразан ҳам огоҳ буд, ки дар деҳа Рустам баринҳо низ ҳастанд ва дар паи пешгири ин марази сироятӣ ва ҳамагир нашудани он ҷидол доранд.
Вай Рустамро мешинохт, аз одамон дар ҳақи вай доим сухани нағз мешунид, вақте ки бобои Ҷалол дар беморхонаи шаҳр бандагиро ба ҷо овард, аз раис барои овардани мурда бо ҷанҷолу ханҷол мошин гирифтанашро шунида, ӯро дуо карда буд.
Хонадони Имомалӣ бе ҳеҷ шаке то имрӯз аз ингуна хархашаҳо комилан дар канор буд. Ҳам волидайн, ҳам бибии пир ва ҳам Занҷир аз толеъ хостгори дилхоҳро нигарон буданду бас. Хостгорон остонаи онҳоро охурча мекарданд, ҳар саҳаргоҳ аз ҳавлию кӯчарубӣ Занҷир дилгир гашта буд, вале духтури деҳа, ки зимнан аз ӯ дилкашолӣ доштанд, алҳол расман талабгорӣ намекард.
Рӯзгори осуда, номи нек ва хулқу атвори писандидаи писар ва падару модари ӯ ба онҳо хуш омада буд ва баъди як-ду раҳ нимҳазлу нимҷиддӣ ишораи матлаб кардани онон Имомалӣ орзуманд буд, ки агар хостгорӣ кунанд, Занҷирро ба фарзанди он хонавода нон шиканад.

пешина
аз 538
навбатӣ